Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
«Адидас» - гуфта мегашт, дигарӣ шалвор дар китф, ба қиёфаи одамон нигариста, «ҷинси Левис» гуфта, молашро тарғиб мекард. Харидорон фурӯшандаҳоро нигоҳ дошта, молашро медиданд ва ҳамон ҷо савдо мекарданд. Дар ин бозор ҳеч растае ё дӯконе вуҷуд надошт. Як анбӯҳи одамон ҳама дар ҳоли равуо ба хариду фурӯш машғул буданд.
Амир ном як ҳамкурси ман ҳар ҳафта дар ин бозор либос мефурӯхт. Ӯ аз донишҷӯёни афғонистонии шиносаш ду-се ҷуфт либоси хориҷӣ гирифта, дар тӯли ҳафта пӯшида мегашт ва рӯзи якшанбе онҳоро тозаву дарзмол карда, мисли либоси нав ба фурӯш мебаровард. Агар либосе ба фурӯш биравад, пулашро ба дӯсти афғонистониаш дода, боз ба ҷояш либос гирифта, то рӯзи якшанбеи дигар пӯшида мегашт. Ҳамин тавр, Амир дар бай ни ҳамдарсон ҳамчун баччаи хушсарулибос маъруф буд.
Вақте мо ба Деҳлӣ расидем, чизи аввалине, ки моро моту мабҳут кард, фаровонии молу коло буд. Ошёнаи аввали тамоми биноҳо фурӯшгоҳ буданд. Ин фурӯшгоҳҳо пур аз анвои мол буданд. Нархи онҳо ҳам барои мо, ки пули хуб мегирифтем, дастрас буд. Дигар мо гоҳ-гоҳ растагардӣ карда, табъи дилу завқ чизҳои лозимиямонро харидорӣ мекардем. Ман, ки дар Ватан ҳеч гоҳ либоси дилхоҳ намеёфтам ва агар ёбам ҳам, тавони харидашро надоштам, барои худам ду-се ҷуфт либосу кафши хуб гирифтам ва либосҳои «шӯрави»-ямро, ки ба худам маъқул на буданд, дур андохтам. Ва аз он пас ҳар чанд ҳафтае либосҳои нав ба нав мехаридаму бо завқ мепӯшидам.
Сӯҳроб, ки ҳамроҳи ман аз Тоҷикистон омада буд, низ маро доим дар растагардӣ ҳамроҳӣ мекард ва либосу кафшҳои нав ба нав мехарид, вале боре ҳам онҳоро намепӯшид ва бо ҳамон либоси аз Ватан пӯшида омадааш мегашт. Бегоҳ он либосҳои кӯҳ наашро мешуст, ки шаб бихушканд ва рӯзи дигар боз онҳоро мепӯшид. Ман ҳайрон шуда, аз ӯ пурсидам, ки чаро он ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё