Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва ба ин васила дигаронро ҳам ба беҳтар кор кардан ташвиқ кунанд. Ин нафарон маблағи мошинро ба бонк супурда, мошинро аз анборҳо дарёфт мекарданд. Яъне дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч фурӯшгоҳе, ки дар он мошин фурӯхта шавад, вуҷуд надошт.
Раиси Ҷумҳури Амрико Роналд Рейган дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ латифаи дӯстдоштае дошт:
Як нафар ба намояндагии ширкати мошинбарорӣ меояд ва мошин харидан мехоҳад. Намояндаи ширкат мегӯяд:
– Барои харидани мошин бояд навбат истед, - ва дафтарашро дида илова мекунад:
– Вале навбататон баъд аз ду сол мерасад.
Нафар розӣ мешавад ва маблағ пардохта, аснодро мегирад.
Намояндаи ширкат мегӯяд:
– Хуб, баъд аз расо ду сол дар ҳамин рӯз биёед.
Нафар дафтарчаашро кушода варақ мезанад ва мепурсад:
– Бибахшед, то нисфирӯзӣ ё баъд аз он?
Намояндаи ширкат бо тааҷҷуб мепурсад:
– Чӣ фарқ дорад, чаро мепурсед?
– Охир, устои лӯлакаш ваъда кард, ки дар ҳамон рӯз то нис фирӯзӣ ба хонаам меояд, - ҷавоб медиҳад нафар.
Ин латифа, албатта, бофта аст. Дар Шӯравӣ ҳеч намояндагие набуд, ки ҳатто солҳо навбат истода, мошин харида шавад. Вале аз ҷиҳати маънӣ, камбуди мол ва ташкили бади хизматро дар Шӯравӣ дуруст ифода мекунад.
Ман ба худам меандешидам, ки чаро як нафар дар Ҳинд метавонистааст ин мошинро бихараду ман дар Шӯравӣ наметавонистаам? Охир, Шӯравӣ абарқудрат аст, Ҳинд қобили қиёс бо Иттиҳоди шӯравӣ нест?! Чаро пули дигар кишварҳо қо били табдил ба якдигар ҳаст, вале пули кишвари мо дар ҳеч куҷо қабул намешавад? Чанд рӯз фикрам машғули ҳамин мав зӯъ шуд. Сари ин масъала фикр мекардаму меандешидам, ки роҳи пайдо кардани пул корест, ки он ду нафар мекунанд;

пешина
аз 253
навбатӣ