Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз Деҳлӣ ба он ҷо бурда, бо фоида фурӯхта мешавад. Замони бар гаштан чизҳое ҳам, ки дар он ҷо нисбатан арзон будааст, ҳамроҳашон оварда, дар Деҳлӣ фурӯхтаанд. Ҳамин тавр, чизҳои хурд, ба мисли батарейкаву чароғак ва ғайраро аз Непал дар ҷомадонҳояшон меоварданду ин ҷо пул карда, чизҳои дигареро бо мувофиқати қаблӣ бо дӯкондорони он ҷо мебурданд. Ҳамин хел як кори хубе ташкил карда буданд. Таъриф мекарданд, ки даромади хубе доранд. Ба назарам, онҳо истеъдоди савдогариро аз қабл доштанд.
Баъд ҳодисаи дигаре рӯй дод, ки дар назари аввал назарногир бошад ҳам, зеҳнамро як муддат машғули фикри тиҷорат кард. Рӯзе ҳамроҳи Сӯҳроб дар кӯча мерафтем, дидем, ки як мо шини «Мерседес»-и хеле зебо истодааст. Ранги ин мошин дар офтоб ҷило медод, сохташ бошад он қадар зебо буд, ки зеҳни ҳардуи моро тасхир кард, онро тамошо мекардему гирдаш мегаштем. Аз ҳамдигар дар назди он мошин чанд акс ҳам гирифтем. Ман ба Сӯҳроб гуфтам:
– Сӯҳроб, агар ман ягон вақт мошин бихарам, ҳамин хелашро мехарам. Инро бин, чӣ қадар зебост!
Сӯҳроб бо оҳанги тамасхур гуфт:
– Ҳм, медонӣ, қимати он чанд аст?
Ман бо якраҳагии хоси худам гуфтам:
– Фарқ надорад, қиматаш чанде бошад, пайдогар, ки шудам, мехарам.
Вай гуфт:
– Нархи ин мошин аз даҳ ҳазор доллар бештар аст ва фақат бо доллар харида мешавад, бо пули мо намешавад, ҳеч вақт наметавонӣ!
Гапаш рост буд. Дар кишвари мо ҳатто мошинҳои истеҳсоли ватанӣ аслан дар фурӯши озод набуд, чӣ расад ба «Мерседес».
Мошинҳои тавлиди худи кишварро аҳёнан ба корхонаву муассисаҳо медоданд, ки кормандони пешсафашонро қадр кунанд

пешина
аз 253
навбатӣ