Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки худро шаҳрванди шӯравӣ ва соҳибимтиёз дониста, ба сараш дӯғ зада будам.
Хушбахтона, он дафтарчаи пасандоз, ки пеш аз сафар ба Ҳинд пулҳоямро гузошта будам, ҳамроҳам буд, ки зиёда аз 300 сӯм пул дошт. Худоро шукр мекардам, ки ин дафтарча пешам ҳаст, агар набуд, чӣ кор мекардам. Ин ҷо ҳеч касро намешиносам. Ҳоло хуб, ки пули билетро метавонам аз дафтарчаи пасандоз бигирам. Сӯи бонк шитофтам ва дафтарчаро ба зани хазинадор дароз кардам, гирифта, диду бо суол ба сӯям нигарист. Гуфтам:
– Мехоҳам пул гирам.
– Фоидаи яксоларо ман ба дафтарчаатон навишта медиҳам, вале пулро рафта аз ҷумҳурии худатон мегиред, - гуфт хазинадор.
– Не, ба ман ҳозир пул даркор, - гуфтам асабӣ шуда.
– Тибқи қоидаи нав аз ин пас шаҳрвандони ҷумҳуриҳо дар ҷои истиқоматашон хизмат мегиранд, - гуфт ӯ. Ва ба қайд кардани фоидаи ҷамъшуда ба дафтарча сар кард.
– Ман пуламро ҳамин ҷо супорида будам, дафтарчаро бинед, муҳрашро бинед, чаро маро ҷои дигар мефиристед, пуламро диҳед, пули худамро, фоидаатон даркор нест! - торафт ота шин мешудам ман.
Садоям баландтар буд магар, ки як мард аз даруни хазина баромада омад ва бо садои нарм пурсид:
– Чӣ шуд?
Ман воқеаро гуфта додам. Гуфтам, ки ман ҳатто барои билети баргаштан пул надорам. Ӯ пурсид, ки шаҳрам куҷост, куҷо бармегардам?
– Душанбе, Тоҷикистон, - гуфтам ман.
– Билет чанд сӯм меистад?
– 92 сӯм, - ҷавоб додам ман.

пешина
аз 253
навбатӣ