Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ дафтарчаро гирифта, даромада рафт ва пас аз лаҳзае баргашта:
– Мувофиқи қоида Шумо бояд аз ҷои истиқомататон пул гиред, мо ҳолати Шуморо фаҳмида, ба таври истисно 92 сӯм пули билетро медиҳем, бақияашро ҳам дар дафтарчаатон навишта медиҳем, рафта аз шаҳри худатон мегиред, - гуфт. «Ба ҳамин ҳам шукр кардан лозим, агар ҳаминро ҳам надиҳанд, чӣ хел бармегаштам», - гуфта розӣ шудам.
Аз бонк баромада, бо димоғи сӯхта ба трамвай нишастам, то чизе бихӯраму роҳи фурудгоҳро пеш гирам, зеро ғайр аз
92 сӯм пули билет дар киса пули казоие надоштам, охир ман ба умеди он омада будам, ки чанд рӯзе бароям ҷой медиҳанд, пули билетамро медиҳанд. Мехостам бори дигар он шаҳри ормо ниро тамошо кунам. Вале дигар ин он шаҳри пешина набуд, шаҳри ошуфта ва сард буд.
Дар кӯча ва нақлиёт одамон ҳама бо чеҳраҳои гирифта, ошуфта метофтанд. Борон сим-сим меборид. Фазо он фазои як сол пеш набуд. Вақте трамвай аз назди бинои вазорат мегузашт, дидам, ки дар канори бино зери дарахтон тонке истода буд ва ду сарбози мусаллаҳ дар наздаш меистоданд. Каме пас, назди бинои дигаре низ зиреҳпӯше меистод ва якчанд сарбоз дар атрофаш бо Калашников меистоданд. Ман фикр кардам, ки шояд машқи ҳарбӣ мегузаронанд. Чун димоғам сӯхта буд, ба атроф хеле аҳаммият надода, зуд чизе хӯрдаму ба фурудгоҳ ши тофтам.
Кассаҳои фурудгоҳ дар ошёнаи дувум буданд. Фурудгоҳ он қадр серодам буд, ки одамон дар рӯи зинаҳо, дар фаршҳо куҷо, ки рост ояд, нишаставу хобида буданд. Ба ҳар касса сафҳои бе охири одамон навбат истода буданд. Одамон ҳама хаставу ғамгин менамуданд. Фазои фурудгоҳ сарду бенур буд. Ман ба як касса навбат истодам. Одамон ҳар замон аз навбат баромада рафта, дар аппаратҳои фурудгоҳ будану набудани билетро

пешина
аз 253
навбатӣ