Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
медиданд. Ман ҳам ба каси аз пасам навбат гирифта ишора кардам, ки ҳозир меоям ва рафта, ба дастгоҳ номи Душанберо ворид кардам. Билет «сифр» нишон медод. Хуҷанд, Самарқанд, Тошкандро низ ворид кардам. Ҳама ҷо сифр нишон медод. Бовар накардам, «наход имрӯз ҳама ноомад насиби ман шавад», аз дил мегузарондам ман. Навбатам, ки расид сарро халонда:
– Душанбе, як билет, - гуфтам, паспорту пулро дароз карда.
Як дам ба дастгоҳаш нигоҳ карду:
– Нест, - гуфт ва илова кард:
– Наздиктарин парвозе, ки билет ҳаст, баъд аз як ҳафта.
Хуҷанду Самарқанду Тошкандро ҳам пурсидам, ҳол ҳамин буд. Аслан, сари калобаро гум кардам. Имрӯз куҷо ки наравам, корам омад намекард. Аз бебарории кор хаста шуда будам.
Рӯҳафтода шудам, бетафовут будам, ҳеч чиз ҳис намекардам.
Аз як дастгоҳ ба дастгоҳи дигар мегузаштам, дар яке номи Хуҷандро ворид мекардам сифр нишон медод, дар дигарӣ номи Душанберо, ҳамин тавр намедонам чанд бор такрор ба такрор номи шаҳрҳоро ворид мекардам. Боре Самарқандро ворид кардам ки «1» нишон дод. Ба чашмонам бовар накардам. Бори дигар зер кардам боз ҳам «1» нишон дод.
Башаст давида ба касса расидам ва ба навбат нигоҳ накарда, сарамро халонида:
– Самарқанд, якто, - гуфта дод задам.
– Нест, - гуфт билетфурӯш.
– Ҳаст, ҳаст, бинед, ман ҳозир дидам, аппарат як нишон дод, - ман ин имкониятро ба ҳеч ваҷҳ аз даст додан намехостам.
– Ҳозир дидам, пеш аз шумо пурсида буданд, - норозиёна ба дастгоҳаш нигоҳ кард ва:
– Бале, пайдо шудааст, - гуфту паспорту пулро гирифта ба навиштан сар кард. Сарамро берун кашида, аз навбат узр хос там ва гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё