Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инчунин, нависандаи инглис Ҷорҷ Урвелл то охир тарафдори идеяи сусиёлистӣ монда бошад ҳам, дар бораи иҷрои ба ди он аз сӯи болшавикон дар Русия ду китоб – «Деҳкадаи ҳай во нот» ва «1984»-ро навишт, ки хеле маъруфанд ва моҳияти сох ти Шӯравиро барҷаста инъикос кардаанд. Хулосаи Ҷорҷ Урвел чунин аст, ки дар кишвари Шӯравӣ ҷамъият боз ҳам таба қотӣ буда, «ҳама баробар, вале баъзеҳо баробартаранд».
Ин но баробарӣ дар сиёсати миллии давлат низ ҷой дошт, ки ак сари муҳаққиқон ба ин камтар аҳаммият додаанд, дар ҳоле, ки маҳз марказгурезии дар асари ҳамин сиёсат дар ҷумҳуриҳо бамиёномада, яке аз омилҳои асосии пошхӯрии кишвар гашта буд. Тибқи сиёсати миллӣ, тамоми миллатҳои сокини кишвар «бародар» буданд, вале миллати рус «бародари бузург» номида мешуд.
Идеяи коммунистӣ барои халқҳои маҳаллии Осиёи Миёна шинос набуд. Онҳо ҳукумати Шӯравиро, ки сарбозон ва коргарони роҳи оҳани рус дар Бухоро инқилоб карда, сохта буданд, ҳамчун ҳукумати ғайр қабул мекарданд. Коргарону деҳқонони маҳаллӣ моҳияти ин идеяро хуб сарфаҳм намерафтанд ва худро соҳиби ҳокимият намедонистанд. Ҳукумати шӯравӣ баробарӣ ва бародарии халқҳоро шиори худ карда бошад ҳам, дар асл ин ба ҳамон баробарии «баъзеҳо баробартаранд» монанд буд.
Масалан, ҳизбу ҳукумати марказӣ ба намояндаҳои халқҳои маҳаллӣ камтар эътимод мекарданд. Дар ҷумҳуриҳои миллӣ шахси аввали ҳизб, ки амалан роҳбар ҳисоб мешуд, аз ҳисоби нафарҳои намояндагони миллӣ таъин карда шавад ҳам, ҳатман муовини ӯ аз миллати рус интихоб мешуд, ки Кремлин бештар ба ӯ эътимод дошт. Инро нухбагони миллатҳои таҳҷоӣ нишонаи нобоварӣ талаққӣ карда, дар байнашон норизоӣ пайдо мешуд, ки дар ниҳоят яке аз омилҳои марказгурезии нухбаҳои ҷумҳуриҳо ва дар натиҷа, омили фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ шуд.

пешина
аз 253
навбатӣ