Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта, низоми Шӯравӣ хубиҳои зиёд, аз қабили таҳсилот ва беҳдошти ройгон дошт, ки дар бораи он зиёд гуфтаанду навиштаанд. Ман ин ҷо дар бораи як падидаи ҷолиб ҳикояе меоварам. Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷомеа ашрофзодагӣ ва имтиёзҳои ирсиро аз байн бурд. Дар ҷомеа табақаи аъёну ашроф вуҷуд надошт. Раисон ва роҳбарон гарчанде «баробартар» буданд ва имтиёзоте аз қабили мошини хизмативу маоши болотар доштанд, вале салоҳияту масъулияташон аз сӯи мардум назорат мешуд. Ҳар кас метавонист ба амалдор рӯирост эрод бигирад ва аз рӯяш шикоят кунад. Чоплусӣ ва тамаллуқ дар баробари амал дорон дар Шӯравӣ роиҷ набуд. Албатта, аз корхона то кор хонаву аз минтақа то минтақа вазъи ин масъала метавонист каме фарқ дошта бошад. Масалан дар Русия тамаллуқу чоплусӣ дар муқобили амалдорон наздик ба сифр бошад, дар Осиёи Миёна ин падида каме бештар ба чашм мехӯрд, вале на ба ҳадди имрӯз, албатта. Аммо баъди истиқлол руасо гӯё соҳиби ҷону моли мардум шуданд ва хушомадзаниву тамаллуқ дар муқобили онҳо авҷ гирифт.
Солҳои аввали ба тиҷорат машғул шуданам, мо бахши корхонаи ресандагии ноҳияи Восеъро бо таҷҳизоти барқ муҷаҳҳаз мекардем. Муҳандиси барқи ширкати мо Бобокалонов ном марди тоҷики русзабон ва хулқу атвораш ҳам русӣ буд. Ӯ ҳамчун мутахассис ба нақша роҳбарӣ мекард. Барои ёрӣ аз мардуми маҳаллӣ 7-8 нафарро ба кор гирифта будем, ки дар қатори ману Исмоил ба корҳои тахассусии барқкашӣ ба ӯ ёрӣ мекарданд.
Раиси хоҷагие, ки тарафи қарордоди мо буд, гоҳ-гоҳ омада, рафти корро назорат мекард. Ӯ марди қоматбаланди босалобат ва калонгир буд. Вақте ӯ дар сари кор пайдо мешуд, коргарони маҳаллӣ корро партофта, ба саломаш шитоб мекарданд.
Майдони кори мо хеле калон буд. Бобокалонов, ки ғайр аз рустабъ будан, дар кор низ хеле муназзам ва сахтгир буд, аз кор ро партофта ба дастфишории раис давидани зердастонаш

пешина
аз 253
навбатӣ