Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

матбуоти Русия мақолаҳои ҷавобӣ чоп карда, туҳмати зиёд ба тоҷикон заданд, ки гӯё русҳоро мекушанд, занҳои русро таҷовуз мекунанд ва аз ин қабил дурӯғҳо, ки дар натиҷа афсарони рус садҳо сарбозҳои тоҷикро, ки дар артиш хизмат мекарданд, бо азобу шиканҷа куштанд.
Шахс бояд ҷавобгари ҳар ҳарфи худ бошад. Вақте касе мехоҳад раҳбарии ҷомеаро ба даст гирад, ин масъулият ба маротиб боло меравад. Вақте қудрати тӯда дар ихтиёраш аст, бояд хеле боэҳтиёт бошад, зеро тақдири ҳазорон нафар аз ҳарфи ӯ вобаста аст.
Чизи ҷолиби дигаре, ки чандин бор шоҳид шудаам ин буд, ки як гурӯҳ аз майдон мехестанд ва чандсад метр дуртар рафта саф меоростанд ва бо низом қадам зада омада, ба майдон медаро маданд. Сардорашон пеши микрофон рафта «Мо, дусад нафар, шаби дароз нахобида, пиёда роҳ гашта, аз ноҳияи Бохтар ба ёрии шумо омадем!» гуфта хабар медод. Тӯда «Зинда бод!, Зинда бод!» гуфта рӯҳбаланд мешуд. Ҳамин тавр, дар давоми рӯз чандин маротиба намояндаҳои ҳар ноҳия ба сафи майдоннишинон «афзуда», онҳоро рӯҳбаланд мекарданд ва онҳо бо садои дучанд «Истеъфо! Истеъфо!» гуфта ғирев мебардоштанд.
Раиси ҷумҳур, шояд аз воқеаи хунини баҳманмоҳ панд гирифта буд, ки барои пароканда кардани тазоҳурот аз қув ва истифода накард. Аслан, Раҳмон Набиев дар рафти ин моҷа ро заъфҳои худро ба намоиш гузошт. Ӯ собиқаи роҳбарии ҷумҳуриро дар солҳои қаблӣ дошта бошад ҳам, бештар нақши як мудирро иҷро карда омада буд. Ҳамеша дастнигари Маскаву Тошканд буда, мустақилият надоштааст ва чун аз ҷиҳати шахсиятӣ низ мулоимтабиат ва моил ба айшу нӯш буд, дар лаҳзаҳои ҳассос тасмимҳои саривақтӣ ва қатъӣ гирифта натавонист. Бесалоҳиятӣ ва саҳлангории ӯ сабаб шуд, ки дере нагузашта, Вазорати корҳои дохилӣ худро бетараф эълон кард ва Горди Раиси ҷумҳур ба мухолифин пайваст, вале дар ҳар ҳол,

пешина
аз 253
навбатӣ