Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ин ду амал, хиёнати рӯирост ба миллат аз сӯи сардорони ин мақомот буд, ки то ҳол баҳои ҳаққонӣ нагирифтааст.
Зери фишори тазоҳуротчиён Сафаралӣ Кенҷаев аз раисии Шӯрои олӣ истеъфо дод ва дар натиҷа ба тарафдории ӯ ва Набиев дар майдони Озодӣ, намояндагони вилояти Кӯлоб ва вилояти Ленинобод бар зидди тазоҳуроти майдони Шаҳидон тазоҳурот ташкил карданд. Раиси ҷумҳур аз ҳисоби онҳо горди мусаллаҳ ташкил кард ва ба онҳо 1800 адад Калашников тақсим кард.
Низомиёни рус, намедонам барқасдона ё тасодуфан, ба тазо ҳуркунандагони мухолиф дар майдони Шаҳидон аслиҳа доданд. Ман шахсан шоҳиди он будам. Рӯзе ҳамроҳи бародарам Абдулҳаким аз дарс бармегаштам, ки ду мошини боркаши рӯйпӯш, аз қисми низомии дивизияи 201-и он замон дар марказ қарордошта баромад. Тазоҳуротчиён он мошинҳоро манъ карда, ҳуҷҷат пурсиданд. Майори рус чӣ ҳуҷҷате нишон дод, ки онҳо қонеъ нашуда, болои мошин баромада диданд, ки он пур аз сандуқҳои аслиҳа аст. Ин замон яке аз роҳбарони майдон расида омад ва ба он майор фармон дод, ки мошинҳоро гардонда ба штаб (ситод) биёрад. Ҷавонони зиёде дар атрофи ин мошинҳо ҷамъ буданд. Вақте мошинҳо гашта ба сӯи қасри Раиси ҷумҳур равон шуданд, хиёбон пур аз одам буд ва онҳо оҳиста-оҳиста мерафтанд. Ҷавонон хез карда, ба болои мошинҳо баромаданд ва дар як лаҳза рӯйпӯши брезентии мошинҳоро лах-лах карданд. Вале чун теъдоди зиёд баромада буданд ва дар рӯи сарпӯши сандуқҳо меистоданд, онҳоро кушода наметавонистанд. Ҳеч кас ҳам ҳозир набуд аз мошин фурояд, зеро ҳама мехостанд дигарӣ фурояду ӯ соҳиби силоҳ шавад.
Майдони пеши кох пур аз хайма буд. Мошинҳоро аз гузаргоҳи пушти бинои ЗАГС ба ҳавлӣ дароварданд. Мо дукаса аз қа фои ин мошинҳо давида мерафтем. Дар ҳавлӣ мошинҳо як лаҳза таваққуф карданд. Баччаҳои болои мошин, ки аллакай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё