Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
лофҳо ва дигар фаъолони ҷомеа созандагон ва масъулони афкори иҷтимоӣ мебошанд.
Афкори умумӣ вокуниши ҷомеа нисбат ба рўйдодҳо ва ра вандҳои ҳаёт мебошад, ки ба манфиат ва ниёзҳои он асар ме гузоранд. Афкори иҷтимоӣ ҷузъи афкори умумӣ буда, маҳз аз тариқи он таъсиррасонӣ ва назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ бар фаъолияти афрод ва давлатмардон амалӣ карда мешавад.
Афкори иҷтимоӣ шаклҳои зиёди афкорро дар бар мегирад:
афкори сиёсӣ, ақидатӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, иқтисодӣ, ҳу қуқӣ ва ғайра аз ҷузъҳои он мебошанд. Дар ҳар кадоме аз ин соҳаҳо коршиносоне ҳастанд, ки аз сўи ҷомеа эътироф шу даанд ва онҳо метавонанд дар шаклгирии афкори созгор му соидат бикунанд. Фақат барои фаъолияти муассири онҳо фазои озоди баён лозим аст.
Созанда ва идоракунандаи афкори иҷтимоӣ зиёиён ва коршиносон буда, ин рисолати худро аз тариқи расонаҳо амалӣ мегардонанд.
Афкори умумӣ дар тарбияи афроди ҷомеа нақши асосӣ дорад. Ба вуҷуд овардан ва тақвият додани афкори умумии дуруст, ҷомеаи моро дар лаҳзаҳои ҳассос аз балоҳо эмин ме дорад. Масалан, имрўзҳо ба гурўҳҳои ифротӣ рўй овардани ҷа вонон асосан аз каммаърифатии эшон маншаъ мегирад.
Ҳамон тавре ки хало дар зеҳнҳо пас аз пошхўрии Шўравӣ бо идеяҳои иштибоҳӣ пур шуда буд, алъон ҳам таблиғоти но матлуб рўи зеҳнҳои шаклнагирифта ва ноустувор сурат мегирад ва мо шоҳиди натиҷаҳои номатлуби он ҳастем.
Дар ҳоле, ки вуҷуди коршиносони варзида ва ватандўст ва расондани моҳияти навиштаҳои онҳо ба ҷомеа, зеҳнҳои мар думро ба фикри дуруст ҳидоят намуда, аз каҷравиҳо эмин нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё