Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ё, масалан, мушкили асосии иқтисоди кишвар ба адами шоистасолорӣ марбут аст. Вокунишҳои зиёиён дар ин росто нокифоя буда, низ аз сўи ҷомеа дастгирӣ намеёбанд ва дар на тиҷа беасар мемонанд.
Абзори асосии робитаи зиёиён бо мардум инъикоси воку ниши ҷомеа ба рўйдодҳо ва дар натиҷа, пайдоиши андешаи миллӣ, озодии баён ва вуҷуди расонаҳои мустақил мебошад.
Расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнкунандаи навиштаҳои ин коршиносони соҳаҳо ва ташаккулдиҳандаи ҳувияти (менталитет) дуруст дар зеҳни афроди ҷомеа мебо шанд. Албатта, вуҷуди рўзноманигории соҳавӣ зарур аст, то алоқамандон тавонанд ба навиштаҳои мутахассисони соҳаҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр, вуҷуди расонаҳои мус та қил ва озодии баён муҳимтарин падида аст, ки бояд аз сўи давлат ва ҷомеа ҳаматарафа дастгирӣ ёбад. Ҳатто ба рои ба вуҷуд омадани расонаҳои соҳавӣ субсид (ёрона) низ бояд дод. Агар вазъи молии давлат иҷоза намедиҳад, ки ҳадди аққал расонаҳоро аз молиёт озод намояд, пас ҷо меаро мебояд, ки ба тақдири фардои худ бепарво набошад ва расонаҳоро дастгирӣ кунад. Обуна шудан ё харидани дои мии рўзномаву маҷаллаҳо дар ниҳоят барои ҳар кас но чиз бошад ҳам, дар маҷмўъ муҳимтарин саҳме дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ аст!
Давлат аз тариқи таблиғоту ташвиқот таъсири худ ро дар ташаккули афкори иҷтимоӣ мегузорад ва дар ин ҳо лат як навъ тавозун дар шаклгирии афкори умумӣ риоят ме шавад. Чи тавре ки расонаҳои вобаста ва зери таъсири ҳукумат мавқеи онро мушаххас мекунанд, расонаҳои озод на зароти дигарандешонаи коршиносонро чоп карда, дар ри ояи манфиатҳои миллӣ ва ташаккули афкори миллӣ саҳм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё