Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Хулоса, озодии баён, дастгирии расонаҳои мустақил, фазои озоди баёни андеша, масъулиятшиносии коршиносон омилҳои ба манфиатҳои миллӣ мусоидаткунанда мебошанд, ки бояд ҳам аз сўи давлат ва ҳам аз сўи ҷомеа ҳифз шаванд!
Рос тӣ, ба сахтӣ мешавад масъалаи дигареро пайдо кард, ки барои амнияти имрўзу фардои кишвар ин қадр аҳаммият дошта бошад!
ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА
ИСЛОМ КАРИМОВ
ар охири солҳои 80, бо сабаби буҳрони фарогир дар ДИттиҳоди Шӯравӣ, дар байни зиёиёни рус зеҳнияте ғолиб омад, ки тамоми дороиҳои Русия барои хӯрондани ҷумҳуриҳои Қафқозу Осиёи Миёна сарф мешавад. Ин андеша асоси воқеӣ дошт, вале сабабаш ба заъфи мудирият вобаста буд. Моликияти давлативу ҷамъиятӣ рақобат ва ангезаро, ки омилҳои асосии рушди иқтисод ҳастанд, аз байн бурда, кишварро ба рукуд оварда расонда буд. Тағйироти андаке дар соҳаи иқтисод метавонист кишварро аз буҳрон наҷот диҳад, ки намунаашро имрӯзҳо дар мисоли Чин мебинем.
Ин зеҳният аз тарафи носиюналистҳои рус зиёд тарғиб ме шуд ва ба афкори умум сироят кард. Нухбагони рус зери таъсири зиёиён ва афкори умум ба қарори шитобкорона омаданд, ки дар марҳалаи буҳронии кунунӣ бояд бори сангини ҷумҳуриҳо аз дӯши Русия холӣ карда шавад. Муҳтавои ин афкор дар навиштаи Солженитсин «Чӣ тавр Русияро обод кунем?»
дарҷ шудааст. Ӯ дар ин манифести худ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро «зершиками Русия» ва «бори сангин» меномад. Ӯ мегӯяд, «агар дар тӯли даҳсолаҳо Русия манбаъҳои ҳаётии худро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё