Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷумҳуриҳо дода бошад, аз ҷудо шудани онҳо мо ҳеч чизро аз даст намедиҳем, балки қувватамонро сарфа мекунем».
Қарори таҷзияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ аз сӯи сарони се кишвари славянӣ – Русия, Укроин ва Белорус гирифта шуд. Ҷудоихоҳие, ки одатан имперотуриҳо аз он ҳарос доранд, аз сӯи худи марказ пеш гирифта шуд. Сарзамине, ки Русияи подшоҳӣ зиёда аз сад сол қабл, бо гаронтарин қимат ба даст оварда буд ва ҳукумати болшавикӣ низ қисми боқимондаи онро ба кишвари худ ҳамроҳ карда буд, ба ҳамин содагӣ аз дасти Кремлин рафт. Баъд аз гузаштани ин ҳама сол зиёиёну нухбагони рус ин халқҳоро ҳатто ҳампаймони худ намедонистанд.
Дар ҷумҳуриҳо пас аз ҷунбуҷӯле, мубориза барои қудрат дар байни гурӯҳҳо сар шуд. Кишварҳои хориҷӣ майдонро холӣ ёфта, ба дахолат ва пиёдакунии нақшаҳои худ оғоз карданд.
Нухбагони рус ба зудӣ иштибоҳи худро дарк карданд, ки ҷавоб додани ҷумҳуриҳо фақат халос шудан аз «бори сангин» нест, балки дар таги бинияшон имкони пайдо шудани абарқудратҳои дигар ва мафкураҳои барои кишварашон хатарнок ҳам ҳаст.
Дар масъалаи Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард, гарчанде ки Ҳизби исломӣ аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як шуъбаи он буд. Онҳо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёсӣ дар фазои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар ҷумҳуриҳои мусулмони дохили Русия, аз қабили Тотористону Чеченистон бе ин ҳам ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад. Замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ҷумҳуриҳо тамоми молу мулки дар қаламравашон буда, аз ҷумла артишро миллӣ карданд. Вале Тоҷикистон аз сабаби ҳарҷу марҷҳои рухдода

пешина
аз 253
навбатӣ