Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар рӯзгорашон истифода мекунанд. Дар асл ин чизи наве набуда, ҳамон ҳарфҳои пучи пантуркистони аввали қарни 20 буд, ки ҷавоби сазоворашро зиёиёни тоҷик мисли устодон Айниву Ғафуров дода буданд.
Бо Маскав ҳам гапро пазонд. Хости русҳо соҳиби Бадахшон
– минтақаи истротежик шудан буд, ки инро барояшон замонат дод ва онҳоро тарафи худ кашид.
Ҷиноҳи ҷанубии эътилофи коммунистонро ба қудрат овард, ва одамонашро ба мақомҳои калидӣ таъин ва ба амалӣ карда ни нақшаҳои нопоки худ оғоз кард.
Корро дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) барои тарғиби ба Ӯзбакистон пайвастан оғоз кард. Аз ҳукумати Тоҷикистон та қозо кард, ки дар Бадахшон Шӯрои давлатӣ таъсис дода шавад, ки дар ин ҳол Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷум ҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон табдил мешуд, то ба Ру сия пайвастанаш кори як раъйпурсӣ бишавад (ҳамон коре, ки солҳо баъд Путин дар Крим анҷом дод). Хушбахтона, тираш хок хӯрд, роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ аз иҷрои ин нақшаҳои нопоки ӯ пешгирӣ кард.
Воқеан, он солҳо Тоҷикистон дар арафаи пошхӯрӣ қарор дошт. Ғайр аз душмани қавии хориҷӣ, душманони дохилӣ низ доштем, ки ин равандро тақвият медоданд. Роҳбари вақти вилояти Ленинобод Ҳомидов дар ноҳияи Айнӣ, дар роҳи ягонаи байни Хуҷанду Душанбе пулро тарконда, вилояти Ленинободро аз Тоҷикистон ҷудо карданӣ шуд. Маҳмуд Худойбердиев бо ёрии Ислом Каримов ба шимоли кишвар ҳамлаи мусаллаҳона ташкил кард. Фармондеҳони мухолифон дар минтақаи Қаротегин Ҷумҳурии исломии Ғарм ташкил карданд. Бадахшон дар асорати фармондеҳон – зодагони онҷо буд.
Роҳбари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи хеле вазнин ва тақдирсоз бо рисолати сангин сари кор омада буд. Кишварҳои дахил ғаразҳои худро доштанд ва

пешина
аз 253
навбатӣ