Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

натавонист артиши дар қаламраваш бударо миллӣ кунад, он ҳанӯз ҳам дар ихтиёри Русия буд. Бо истифода аз ҳамин қувва, Маскав дар Тоҷикистон таъсири бузург дошт. Пас аз омӯзиши вазъ, Елтсин – Раиси ҷумҳури вақти Русия ба чунин қарор омад, ки дар тасмимгирӣ бештар ба мавқеи Ислом Каримов – раиси ҷумҳури онвақтаи Ӯзбакистон такя кунад, зеро манфиатҳои онҳо ба ҳам мувофиқ омада буд.
Ислом Каримов дар марҳалаи пошхӯрии Шӯравӣ аллакай гурги болондидае дар сиёсат буд. Пештар аз ҳама «боди фано»-и Шӯравиро дарк кард ва аввалин шуда, аз байни роҳбарони ҷум ҳуриҳои шӯравии собиқ худро Раиси ҷумҳур эълон кард ва зимоми қудратро муҳкам ба даст гирифт.
Вақте дар Тоҷикистон нооромиҳо сар шуданд, фурсатро мувофиқ ёфта, даст ба кор шуд. Аввал хост бо «клан»- и шимол ба тавофуқ бирасад, ки муваффақ нашуд. Шимолиҳо сазовори боварияш нашуданд, маҷбур шуд, ки ҷиноҳи ҷанубии эътилофи «коммунистгароён»-ро дастгирӣ карда, аз ба қудрат расидани миллатгароён ва исломиён пешгирӣ кунад, то баъдан ҳама хост ҳояшро бароварда созад.
Мехост дар марҳалаи аввал як ҳамсояи дастнигар ва ҳалқабар гӯш дошта бошад, дар мақомҳои калидии кишвари мо одамони худашро ҷой кунад ва дар аввалин фурсат ин сарзаминро ба кишвари худ ҳамроҳ гардонад. Махсусан, қисми шимолии То ҷикистон барояш бисёр муҳим буд, зеро роҳҳои оҳану автомобилгарди байни вилоятҳои Фарғонаву Қӯқанду Намангон ва дигар қисматҳои кишвараш аз ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон мегузашт. Ҳадафаш бо шиорҳои Бозор Собир ҳамсон буд. Барои машрӯъият бахшидан ба нақшааш, ҳамон назарияи мағорзадаи пантуркистии як будани халқи тоҷику ӯзбакро рӯйи даст гирифт. Тибқи ин назария, халқе бо номи тоҷик вуҷуд надошта, ин ду як халқанд, ки қисме бо таъсири ҳамсоягони эронии худ, ки муқими ин сарзамин буданд, забони форсиро ёд гирифта ва

пешина
аз 253
навбатӣ