Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳисоби варзишкорон гурӯҳҳои муҳофизатӣ месохтанд, ки дар ҳолати зарурӣ манфиаташонро ҳимоя кунанд.
Шуха дар як корхонаи тиҷоратӣ ба кор даромада буд. Соҳиб кори молики ин корхона ғайр аз Тоҷикистон дар Маскав ҳам тиҷорат дошт. Шуха дар офиси маскавии ӯ кор мекард.
Баъд ҳо шунидам, ки як ҳампаймони ин соҳибкор дар Маскав маб лағи калони ӯро соҳиб шуда, аз баргардондан саркашӣ мекунад. Музокироту машварати мукаррар ба ҷое намерасад.
Ба вохӯрии навбатӣ Шуха ҳамроҳи як нафар ҳамкораш меравад. Ҳини суҳбат Шуха аз он мард қотеъона талаб мекунад, ки тааҳҳудоташро иҷро кунад. Он мард ва ҳамроҳонаш ҷавоби таҳқиромезе медиҳанд. Шуха бо омодагии комил ба музокирот рафта будааст. Дар ҷавоб ӯ Калашниковро аз зери ҷома ба роварда, як навбат шиллик мекунад, ки дар натиҷа, ду кас дарҷо мефавтанд ва ду-се нафар ҳам захмӣ мешаванд. Шуха гурехта, ба Душанбе омад ва чанде пинҳонӣ гашт, вале ниҳоят ӯро дастгир карда, ба Маскав бурданд ва ҳукми сангине барояш содир карданд.
Баъд аз солиёни дароз Шуха аз зиндони Русия ба зиндони Тоҷикистон интиқол ёфт ва баъд аз муддате ба озодӣ баромад.
Он замон мо бо корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Ёвон, ки дар ҳоли сохтан буд, қарордоди ҳамкорӣ доштем. Аз ин сабаб, баъзан ба Ёвон рафтанам лозим меомад. Рӯзе дар канори роҳ чанд нафарро дидам, ки хеле лоғару бадҳол буданд. Аз кор манди ёвонӣ пурсидам, ки инҳо чӣ касонанд, ки ин қадр бадҳол менамоянд? Аз ҷавоби ӯ маълум шуд, ки инҳо зиндониёне будаанд, ки аз сабаби маризӣ, маргашон наздик омадааст ва мудирияти зиндони Ёвон раҳояшон мекардааст, то ба пои худашон ба хонаашон рафта, он ҷо бимиранд. Вазъи бади иқтисодӣ ба зиндонҳо ҳам таъсири манфӣ гузошта буд.
Маҳ бусон аз гушнагӣ лоғар ва аз норасоии доруву шароити

пешина
аз 253
навбатӣ