Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз ҳамин қабил ҷавонон фармондеҳону ҷанговарони тарафҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ шуданд. Табиист, ки барои онҳо ҳеч қонуне вуҷуд надошт ва мувофиқи фаҳмишҳои худашон амал мекарданд.
Мегуфтанд, ки баъдҳо Шуха дар олами ҷиноӣ хеле шуҳрат ёфт ва ҳатто ба мартабаи «Дузди қонунӣ» наздик шуда буд. Вале тақдири маъмулии тоифаи ҳаммаслаконаш насиби ӯ ҳам шуд, солҳо баъд, дар натиҷаи кадом фитнаи ҷиноӣ ӯро дар Маскав, дар назди хонааш парронданд.
БОНКДОРИИ ШӮРАВӢ
ояд тавзеҳи мухтасаре аз низоми бонкдории шӯравӣ Ббидиҳам, зеро дар марҳалаи аввали ба тиҷорат машғул шуданам, қоидаҳои он низом дар кор муассир буданд. Бо сӯ истифода аз имконоти он, дар паҳнои Шӯравӣ кулоҳбардориҳо ва сирқатҳои азиме сурат гирифта буд.
Баъд аз инқилоби сурх, бонкҳо дар аввалин фурсат миллӣ кунонда шуда, кори бонкдорӣ дар инҳисори давлат қарор гирифт. Аслан, тибқи мафҳуми идеологӣ ва иқтисодии шӯравӣ муомилоти пуливу қарзӣ аз байн рафта, бояд ҷои онро тақсимот ба ивази меҳнат (заҳмат) мегирифт. Барои ба ин тарзи муносибат гузаштан, ҳисобдорӣ ва назорати шадид бар меҳнат ва масраф лозим буд. Ин назорат бояд аз сӯи бонк амалӣ мешуд. Ин буд, ки дар замони Коммунизми ҳарбӣ бонкҳо давлатӣ кунонда шуда, шуъбаҳои Бонки ягонаи давлатӣ дар минтақаҳо таъсис дода шуд. Аз байн бурдани муомилоти бонкӣ ва нест кардани муносиботи пул-мол дар натиҷаи сиёсати Коммунизми ҳарбӣ ба таварруми шадид овард.
Дар натиҷаи ин таҷрибаи пуч ошкор гашт, ки Коммунизми ҳарбӣ сиёсати хатост ва ҳукумати Шӯравӣ Сиёсати нави

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё