Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

иқтисодиро роҳандозӣ кард. Сиёсати нави иқтисодӣ низоми бонкиро аз нав зинда карда, имкон дод, ки хоҷагии халқ рушд кунад. Бо ба охир расидани Сиёсати нави иқтисодӣ боз ҳам низоми бонкӣ марказикунонида шуд ва Бонки воҳиди давлатӣ шуъбаҳои минтақавиро таъсис дод, ки ба муштариёни он минтақаҳо хизмат мерасонданд. Стройбонк – бонки сохтмон, масъули сармоягузорӣ дар соҳаи иншоот буд, ки дар асл як ҷузъи бонки давлатӣ буд. Муносибат бо бонкҳои хориҷӣ ба уҳдаи Внешторгбонк – бонки савдои хориҷӣ вогузошта шуда буд. Дар асл ин бонкҳо ҳам шохаҳои ҳамон бонки давлатӣ буданд ва тавлид, пардохт ва тамоми фаъолияти молии корхонаву муассисаҳоро назорат мекарданд. Гардиши байнишуъбаии (МФО) ин бонкҳо ягона роҳи ҳисоббаробаркунии байни тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ – муштариёни шӯравӣ буд.
Бонкҳо на ҳамеша ҷузъиёти кори соҳаҳоро ба назар мегирифтанд, ки дар натиҷа иқтисоди кишвар торафт ақиб мемонд.
Аввали солҳои 80 кӯшиши дигаргунсозии бонкҳо пеш гирифта шуд ва дар асоси шуъбаҳои минтақавии бонки давлатӣ бонкҳои соҳавӣ таъсис дода шуданд. Промстройбонк дар соҳаи саноату сохтмон, Агропромбонк дар соҳаи кишоварзӣ, Жилсотсбонк дар соҳаи иҷтимоӣ таъсис ёфтанд, вале аз сабаби мудирияти ноуҳ да бароёна, ин бонкҳо вазъро бадтар карданд. Ҳарҷу марҷи зиёд пеш омад, зеро агар қаблан муштариҳои ҳисоббаробаркун дар як бонк бошанд, акнун муштарии бонкҳои мухталиф буданд ва ҳисоббаробаркунии байни онҳо вақту заҳмати бештарро талаб мекард. Ин ҳарҷу марҷ ба низоъҳои байнисоҳавӣ ва байни муш тарӣ боис шуд. Баҳсҳои доманадори идеологиву иқтисодӣ ба миён омад ва афкори умумӣ бар он шуд, ки ба иқтисоди бозорӣ бояд гузашт. Дар натиҷаи ин муборизаҳо охири солҳои
80 бонкҳои аввалини тиҷории ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд. Ҳамин тавр, ҳафтод сол лозим шуд, то исбот шавад, ки ин низом қо били иҷро нест ва бонкдорӣ бозгаштро ба он тарзи коре, ки

пешина
аз 253
навбатӣ