Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Устодони Донишгоҳ вақти имтиҳонгирӣ ба ҳамдигар ёрӣ мекарданд. Он рӯз ғайр аз устод Бобомуродов, устоди дигаре ҳам дар синфхона нишаста, аз шарикдарсон имтиҳон мегирифт ва ба ҳамкораш ёрӣ мекард. Вақте навбати ман омад, ин устоди ношинос холӣ шуд ва ман ба назди он кас нишаста, ба саволҳо ҷавоб додам. Ҷавоб додан ба саволҳо тамоман осон буд. Як ҷумла ва як байт буд, ки бояд онро ба ҳиҷоҳо тақсим мекардам. Устод пас аз ҷавобҳои ман як саволи иловагие ҳам дод ва аз ҷавоби ман хеле хушаш омад. Дафтарчаи имтиҳони маро ба устод Бобомуродов дароз карда:
– Ба ин кас панҷ монед, - гуфт, устоди ёрикунанда иҷозаи дар дафтарчаи имтиҳон имзо гузоштан надошт.
Устод Бобомуродов:
– Не, ман ба ин кас чор мемонам, - гуфт.
– Не, муаллим! Баҳои ин кас панҷ! Ҳаққу ҳалол! Мана, худатон савол дода бинед, - боз исрор кард муаллими ношинос.
Бобомуродов:
– Мана маҳалчӣ мегӯянд, ба ҳамшаҳраш рӯйбинӣ кард мегӯянд, - гуфта ғур-ғур кард.
– Муаллим Шумо аз куҷоед? - пурсидам ман, беихтиёр.
Устоди ношинос худашро дошта натавониста хандида фиристод. Бобомуродов бо қавоқи овезон «панҷ» монда, дафтарчаро ба сӯям тела дод.
Аз синфхона баромада, аз ҳамдарсон пурсида фаҳмидам, ки номи устоди ношинос Бекмурод Сиёев – муаллифи китоби дарсӣ будааст.
Вақте ки ба тиҷорат оғоз кардам, чун нияти бо колои сохтмонӣ машғул шудан доштам, ҳисоби аввалини бонкиямро дар шуъбаи Промстройбонки ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе гушодам. Ҳанӯз ҳам тибқи қоидаҳои бонкдории замони шӯравӣ ҳисоби бонкии корхонаҳои сохтмонӣ бештар дар ҳамин бонк боз мешуд. Ба зудӣ бо раиси бонк ошноӣ пайдо кардам ва дӯст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё