Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳам шудем. Рӯзе раис воқеаи ба гуфташ бесобиқаро бароям нақл кард.
Як нафар муштарии бонк ба яке аз шуъбаҳои бонк ба маблағи сад миллион сӯм чеки маҳдуд дода, бор харидааст ва молро таҳвил гирифта, фурӯхта ғайб задааст. Қазия фақат баъд аз як моҳ, вақте ки он шуъба чекро бо дархост ба бонк мефиристад, ошкор мешавад. Чун дар ҳисоби бонкии харидор маблағ мавҷуд набуд, расвоие барпо мешавад. Ин кулоҳбардор дар пайгард қарор гирифт ва номаш эълон шуд, ки Ҷамшед Сиёев – писари ҳамон устоди наҷиб Бекмурод Сиёев буд. Бо гузашти чанд сол Ҷамшед Сиёев бо кадом роҳе қазияро харида баргашт ва даст ба кулоҳбардории дигаре зад, ки соле вирди забонҳо буд.
Ин дафъа, ӯ ширкати ҳирамӣ (финансовая пирамида) роҳ андохта, сабабгори хонабапушт шудани мардуми зиёд гардид.
Пирамида дар асл кулоҳбардорӣ буда, ба ҳисси ҳарисии одам асос ёфтааст. Ӯ ба мардум як теъдод муҳраро бо қимати боло мефурӯхт ва қарордод мебаст, ки пас аз як ҳафта ин муҳраҳоро дар ришта кашида, оварда биспоранд ва маблағи сарфкардаашонро бо изофаи панҷоҳ дар сад дарёфт кунанд. Моҳи аввал ҳамин таносубро нигоҳ дошт ва ором-ором муҳлати пардохтро дарозтар ва дарсади фоидаро камтар кардан гирифт. Баъд аз як муддат дар пардохт ба ҳар баҳона таъхир карда, вале фурӯши муҳраро бештар намуд. Ин тиҷорат бояд ҳадди аксар даҳ-дувоздаҳ моҳ идома карда, дар охир маблағҳои бузургеро ҷамъ меовард ва ташкилкунандагонаш якбора ғайб мезаданд.
Вале теъдоди талабкоронаш хеле зиёд шуданд ва қисми онҳо шикоят карданд. Ташкилкунандагони ин гуна кулоҳбардориҳо одатан, маблағи муайянро ҳадаф мегузоранд ва бо ба даст овардани он ғайб мезананд, ки пас аз пошхӯрӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ зиёд иттифоқ афтода буд. Вале «қаҳрамон»-и мо пеш аз он, ки фирор кунад, дастгир ва ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуд. Нохалаф ба ҷазои сазояш расид, вале пас аз муд-

пешина
аз 253
навбатӣ