Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

маро ҳамчун нафари боэътимод ба раисони дигар низ шинос кард. Ман якбора чанд қарордод бастам ва корам ором-ором боз ҳам равнақ мегирифт.
Он вақтҳо алоқа бо деҳа ва падару модарам мисли имрӯза набуд. Аз ҳоли онҳо зиёд иттилоъ надоштам ва намедонистам, ки онҳо дар чӣ ҳоланд, зеро ба аҳволи худам банд будам. Ният кардам ба зиёрати падару модар ва наздикон биравам. Якбора қарордодҳои зиёд, ки баста будам, мехостам як сафари як ё дурӯза рафта баргардам, то ки назм дар корҳо халал наёбад.
Вале рафтан воҷиб буд, чун муддати зиёд аз ҳолашон хабар на доштам.
Бародари хурдиям Абдулҳаким он замон дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд ва ҳар тобистон роҳхат гирифта, ба Бемористони шаҳри Панҷекат барои таҷрибаомӯзӣ мерафт. Рӯзе, ки ман ба хонаи падар расидам, нисфирӯзии рӯзи корӣ буд, вале ӯ ба ҷои он ки дар бемористон бошад, дар хона буд. Ман аз дидори ӯ шод шуда бошам ҳам, бо тааҷҷуб пурсидам:
– Ту чаро дар бемористон нестӣ?
– Роҳпулӣ набуд, нарафтам, - гуфт ӯ.
– Чаро аз додом нагирифтӣ? - намефаҳмидам ман. Мо дар оила падарро «додо» мегӯем.
– Он кас аз куҷо гиранд? - зери лаб гуфт ӯ.
Ин вақт падару модар ҳам, ки ба дидорашон муштоқ шуда будам, аз хона баромаданд. Пас аз оғӯшу канор, ба сари дастархон даъват шудем. Одатан, дар оилаи мо вақте касе аз роҳи дур ояд, ҳатман гӯсфанде мекуштанд, хешовандону ҳамсоягон ҷамъ мешуданд ва гарм пазироӣ мекарданд. Ман ҳам интизор будам, ки ҳоло падарам ба яке мегӯянд, ки:
– Рав, Содиқҷонро гӯй, омада гӯсфанда кушад.
Модарам хонаи кадбонуҳои ҳамсоя кас мефиристанд, то биёянду дегҳоро тасфонанд.

пешина
аз 253
навбатӣ