Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте мо бачча будем, дар ҷашну маросимҳо хешовандони дуру наздик як-ду ҳафта пеш ба хонаи соҳибмаърака меомаданд ва то тамом шудани маърака мемонданд. Занҳо хамир мемолиданду нон мебастанд, оши палаву угрову барак ва бисёр таомҳои лазизи дигар мепухтанд. Мардҳо дар замин оташдони махсус сохта, дегҳои калони ошпазиро мешинонданд. Ҳезум мешикастанд, сабзӣ реза мекарданд, гӯшт пора мекарданд. Хона пур аз равуо мешуд. Тамоми мардуми тааллуқдори деҳа рӯзи тӯйҳо дастархон карда, муборакбодӣ меомаданд. Мо баччаҳо, гоҳ сари дег медавидему гоҳ сари оташдон, ба ҳама халал мерасондем. Ҳамаи ин як фазои тантанавии хосро эҷод мекард.
Агар касе аз аҳли хонавода аз сафари дуру дароз ҳам баргардад, хона пур аз хешовандону нишоту равуо ва зиёфат мешуд ва фазо гарм мегашт. Ман ҳам ҳоло як чунин чизеро интизор будам. Чунки ману оилаам анқариб як сол ба хонаи падарӣ наомада будем.
Вале фазо комилан сард буд, касе паи хабар кардани хешовандон набуд. Рӯйи дастархон ғайр аз ду нони обпарида чизе надошт, холӣ буд. Модарам дар як табақ хӯроки чоштро оварданд, ки макарони бирён буд. Ман бо ҳайрат ба ин ҳама менигаристам. Тааҷҷубам боло гирифту пурсидам:
– Чизи дигаре ҳам доред?
Модарам:
– Ҳаминро хӯрем, боз Худо медиҳад, - гуфта ҷавоб доданд.
Кунҷковиям боло гирифту рафта, дари яхдонро кушодам. Дар даруни яхдон танҳо як бидончае буд, ки то нимаш ҷурғот дошту халос. Одат карда будам, ки яхдони хонаамон пур аз анвои хӯрданӣ бошад.
Оҳиста-оҳиста ба даркам мерасид, ки аҳволи хона хеле таназзул кардааст. Баргашта, аз модарам пурсидам, ки оё дар оғил гӯсфанд ҳаст? Модарам бо тамкини ҳамешагӣ:
– Рама дур, баргардад, мегирем, - гуфта ҷавоб доданд.

пешина
аз 253
навбатӣ