Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

накарда, бо ёрии ҳамдеҳагон маъракаҳои маъмулро гузаронд.
Ин ҳикояро барои он нақл кардам, ки амали ин зан, аз як сӯ, то чи андоза суннатгаро будани мардуми моро нишон диҳад, аз сӯи дигар, намоди матонату истодагарии зани тоҷикро, ки дар тӯли таърих яке аз сабабҳои зинда мондани ин миллат будааст, нишон бидиҳам.

ТИҶОРАТИ МИЁНРАВӢ ВА БАРҚ

қтисоди шӯравӣ дар умум ва саноат ҳамчун як ҷузъи Ион ба таври хос амал мекард. Корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ мувофиқи фармоиш маҳсулот тавлид мекарданд ва ба қимати арзиши аслӣ онро ба давлат месупурданд. Дар иваз давлат маоши кормандон ва ҳазинаҳои истеҳсолотро мепардохт ва маҳсулотро аз тариқи соҳаи савдо ба фурӯш мебаровард.
Давлат аз фурӯш молиёт мегирифт ва соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қа били маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро маблағгузорӣ ме кард, ки барои шаҳрвандон бепул буд.
Одамон ба маоши гирифтаашон чизҳои мавриди ниёзашонро, ки фақат дар ҳамин низом тавлид шудааст, мехариданд, ки дар асл як низоми табдили мол буд. Яъне тавлидкунанда моли худро намефурӯхт, фоида ба даст намеовард, дар бозор умуман иш тирок намекард, балки мувофиқи нақшаи фармоиш мол ис теҳсол мекард.
Колхоз маҳсулоти кишоварзӣ тавлид карда, ба давлат месупурд, корхонаҳои саноатӣ молҳои саноатии мавриди ниёзро истеҳсол карда, низ ба давлат месупурданд ва дар ивазаш ба колои истеҳсолкардаи ҳамдигар дастрасӣ пайдо мекарданд.
Онҳо бо ҳам мустақим робита надоштанд. Ҳар кадом дар дохили низоми худ, ки аз Маскав то минтақаҳо силсилаи амудӣ дошт, амал мекарданд. Низоми савдои давлатӣ ҳамчун робита

пешина
аз 253
навбатӣ