Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
корро анҷом бидиҳад. Ӯ як миқдор пахта дошт ва ба умеди фурӯхтани он буд, то ин ки қарзҳои моро бидиҳад. Чун ба фурӯши он муваффақ нашуд, рӯзе ба мо пешниҳод кард, ки дар ивази қарзаш он пахтаро бигирем. Ман, ки аслан бо пахта сарукор надоштам, гуфтам, ки ман пахта нафурӯхтаам ва ҳеч таҷ рибаву иртибототе ҳам дар ин замина надорам ва беҳтар аст худаш пахтаашро бифурӯшаду пули моро бидиҳад.
Дар ҳамин асно, рӯзе ману Комрон ба Хуҷанд барои бастани қарордоди он қисмҳои эҳтиётӣ парвоз доштем ва дар ин парвоз ду меҳмони хориҷӣ ҳам буданд, ки меҳмони раиси шир кати «Зафаробод» будаанд ва ӯ моро дар фурудгоҳ бо онҳо шинос карда буд. Яке аз онҳо Ричард Лорин ва дигарӣ Ҷон Стед ном дошт. Ричард раиси шуъбаи свиссии ширкати амрикоии «Данавант» ва Ҷон корманди аршади он ва масъули равобит бо Осиёи Миёна будааст.
Ман, ки забони инглисиро балад будам, бо ин меҳмонон суҳбат кардам ва зимни суҳбат фаҳмидам, ки онҳо барои харидани пахта омадаанд ва тиҷораташон пахта аст. Ман ба онҳо ҳикоят кардам, ки як колхоз ба мо дар ивази қарзе, ки дорад, пахта пешниҳод мекунад, вале мо таҷрибаи фурӯши пахтаро надорем. Онҳо бо исрор хоҳиш карданд, ки он пахтаро бигираму ба онҳо бифурӯшам. Қарзи колхоз, ки рӯёнданаш мушкил шуда буд, ман ин фурсатро мусоид ёфтам, зеро ҳисобам бо он колхоз баробар мешуд. Мо ба тавофуқ расидем ва онҳо аз Тошканд барои баррасӣ ва намунагирӣ коршинос фиристоданд. Тарзи кори пахтафурӯшӣ чунин аст, ки қабл аз ҳамлу нақли он, бояд намунабардорӣ ва шиносоӣ шавад. Мо он пахтаро фурӯхтем ва ҳисобамонро бо колхоз баробар кардем. Ин вохӯрӣ ва инглисидонии ман сабаб шуд, ки ором-ором мо қадами аввалро дар муҳимтарин бахши иқтисоди кишвар – тиҷорати пахта гузорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё