Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
мешуд. Ниҳоят ба сари хирман расида қатъ шуд. Мо нафасҳоро дарун кашида қатъ кардем. Як садои хиш-хиш баромад, ки дар зеҳни ман саҳнаи хартумашро монда гандумро кашидани девро эҷод кард.
– Элдибой! - садои бобом баланд шуд.
Бобои Элдӣ:
– Э, ин сабил номи маро ҳам медонад, - гуфта пичиррос зад.
– Бобои Элдӣ, бобом омаданд, бобои Султоналиям, - гуфтам ман чакманро аз рӯям партофта.
Бобом ҳунари дуредгарӣ доштанд. Устохонаи муҷаҳҳаз доштанд ва аз чӯб табақ ва дигар ашёи зарурии рӯзгорро метарошиданд. Дар китоби мактабии мо як шеъри бачагона аз шоири бачагон Убайд Раҷаб оварда шуда буд, ки ин тавр сар мешуд:
Бобои ман Усто Амон,
Устои хуби деҳамон.
Месозад ӯ ҳар гуна чиз,
Сандуқчаву ҷевону миз...
ва аз ҳунари Усто Амон таъриф мекард, ки гӯё дар васфи бобои Султоналиям суруда шуда бошад.
Бобом ду писару се духтар доштанд. Номи тағоҳоям Шодмонбой ва Муртазо, номи модарам Руҳия ва номи холаҳоям Саломат ва Раҷаббибӣ аст, ки аз ин байн холаи азизу меҳрубони ман Саломат ба раҳмати ҳақ пайвастаанд. Худо рӯҳашонро шод ва умри дигаронашонро дароз гардонад! Худи бобои модариям соли 1914 таваллуд шуда, 78 сол умр дида, соли 1992 вафот кардаанд. Рӯҳашон шод бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё