Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ОИЛА
ан 20 декабри соли 1966 ба дунё омадаам. Дар гузашта Мтоҷикон рӯзи таваллудро ҷашн намегирифтаанд ва аслан ба он хеле аҳаммият ҳам намедодаанд. Фарзанд асосан дар хона таваллуд мешудааст ва шаҳодатномаи таваллудашро ҳар вақт, ки фурсат ёфтанд, мегирифтаанд. Чун, пас аз муддате, моҳҳо ё ҳатто солҳо баъд, барои шаҳодатномаи таваллуд ба идораи сабти ном мерафтаанд, табиист, ки рӯзи дақиқи таваллуд дар ёдашон намемондааст, аз ин сабаб, як санаеро тахминан менавиштаанд. Агар насли ман ва бузургтарҳоро таҳқиқ кунед, мебинед, ки рӯзи таваллуди аксарият тахминӣ якум, панҷум, даҳум, бистум ва дигар рӯзҳои давр муқаррар шудааст. Рӯзи таваллуди банда ҳам, ки бистум аст, шояд аз ҳамин силсила бошад.
Оилаи мо мисли аксари хонаводаҳои дигари деҳа серфарзанд буд. Ҳукумати Шӯравӣ барои таваллуди ҳар фарзанд пул ва медол медод ва модарони серфарзанд аз имтиёзҳое ҳам бархурдор буданд. Тибқи урфу одати дерина, фарзанд барои оила қувваи корӣ ҳисоб мешуд ва падарони серфарзандро «бойу бадавлат» мехонданд. Ин ду омил ба ҳам омада, сабабгори сер фарзандии оилаҳо шуда буд.
Дар оила мо даҳ фарзанд будем. Ду хоҳар ва ҳашт бародар.
Як хоҳаркалон дорам ва як хоҳари хурдӣ, се бародари калону чор нафар хурд. Мутаассифона, замоне, ки ман ин сатрҳоро менависам, ду бародари калонам ба раҳмати ҳақ пайвастаанд.
Худованд зиндагии боқимондагонро бақо бахшад.
Ман бо хоҳари калониам – Ибодат, бародари як зина аз ман калонӣ – Абдуҳалим(р) ва як зина хурдӣ – Абдулҳаким алоқа ва робитаи бештар доштам. Бародари бузургам Абдунаим(р)
6 сол аз ман бузургтар буда, бештар бо ҳамсолону дӯстони худаш алоқа дошт. Абдумаҷид – бародари дигарам, ки ду сол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё