Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
кӯдакони пойлуч бетафовут буд. Сахт афсурда шудам. Шабу рӯзам бо ин фикрҳо мегузашт. Тамоми роҳи бозгашт аз Амрико Абдулҳаким, ки акнун хонишашро тамом карда, ҳам роҳи ман бармегашт, аз вазъи рӯҳиям нигарон буд.
Хушбахтона, қисми аввали маблағгузории маъракаи чиниш аз сӯи бонки «Кредит Свис» саривақт расид ва ман нафаси сабуке кашидам, вале майнаам дигар оромӣ надошт. Ман бояд роҳи ҳалли масъаларо пайдо мекардам.
Дере нагузашта, як ҳайат аз ширкати «Данавант» ба Тоҷикис тон омад. Ман хеле мехостам ба саволоту шубҳаҳои худ аз Ҷон ҷавоб гирам. Вале ин сафар ӯ наомада буд. Ҳайатро Ричард сардорӣ мекард. Ман ба ӯ баъд аз таҳлили вазъ пешниҳод кардам, ки суду зиёни муомила тақсим карда шавад, зеро ҳамаи фоидаро онҳо мебинанд ва мо сол аз сол бештар ба қарз меғӯтем.
Дар ҷавоб ӯ хандаи истеҳзоомез ва ҳавобаландонае кард, ки ҳанӯз ҳам аз пеши назарам дур нарафтааст.
Рӯзи дигар ӯ маро ба хӯроки шом даъват кард. Ман Абдулҳаким ва Комронро ҳамроҳам бурдам. Тақрибан як соат Ричардро гӯш кардам, ҳамааш лофу газоф аз собиқаву ривоҷи кораш мезад. Вақте пурсидам, ки пешниҳоди ман чӣ шуд, фаҳмидам, ки ӯ онро ҳатто дуруст гӯш накарда будааст. Баъде ки кормандонаш ба хотираш оварданд, ӯ бо ҳайрат аз ман пурсид, ки ин пешниҳоди ман ҷиддист? Гӯё мехост гӯяд, ки «ақли ман дар ҷояш ҳаст?»
Ман аз ҷоям бархестам ва гуфтам:
– Ман дигар бо шумо кор намекунам! - Ин тасмими ниҳоии ман буд. Ҳама аз ҷой хестанд. Абдулҳакиму Комрон бо таҳайюр ба ман менигаристанд. Абдулҳаким фикр кард, ки ин тасмими ман аз сари хашм гирифта шудааст, магар, ки хоҳиш мекард, ором шавам ва суҳбатро идома диҳам. Ӯ намедонист, ки барои гирифтани ин тасмим чӣ қадр фикр кардаам. Намедонист, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё