Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
қарз боло меравад, дидам, ки ӯ дар баргардондани қарз чандон масъулият эҳсос намекунад, дар байни раисони ширкат ва хоҷагиҳо зеҳнияте роиҷ буд, ки давлат ин маблағҳоро мебахшад.
Баъдан дидам, ки ҳамин равиш дар аксари ширкатҳои фючерсӣ истифода мешуд. Аз сабаби ҳамин тарзи кор, аллакай хоҷагиҳо маблағҳои зиёд қарздор шуда буданд ва раисон аз рӯи мақоли «об ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб, чӣ сад», амал карда, даромади имрӯзаашонро авлотар медонистанд.
Ман бо раисони ширкатҳои фючерсӣ ошноӣ ва муносибати хуб доштам, вале аз ҳақ наметавон гузашт, мутаассифона, бояд зикр кунам, ки онҳо дар ин марҳалаи ҳассос барои ободонии соҳаи кишоварзӣ масъулиятшиносона амал накарданд.
Мақ садашон гирифтани вомҳои бештар аз хориҷиён буд, зеро қисми ин маблағҳоро ба ҳар роҳу васила, аз ҷумла бо ёрии раисони колхозҳо азхуд мекарданд. Аз сабаби набудани назорат, молҳои заруриро, аз қабили нуриҳои минералӣ ва маводи сӯхт ба хоҷагиҳо бо нархи дучанд медоданд. Кафолати аз сӯи Бонки мил лӣ додашударо сӯистифода мекарданд, дар баргардондани қарз масъулият эҳсос намекарданд. Раисони ширкатҳо аксаран, шахсони тасодуфӣ буданд ва тасодуфан вориди низоми бузурги маблағгузорӣ шуда, дар сар бештар ҳавои шуҳрату савлат ва сарватғундории шахсӣ доштанд. Ман ин ҷо ду ҳикоят меорам, ки шахсият ва сатҳи фарҳанги сарони ширкатҳои маҳаллиро ба хонанда рӯшан мекунад.
Шаҳрҳои Аврупо барои роҳат зистани одам сохта шудаанд.
Та моми хадамоти лозима, аз қабили нақлиёту беҳдошт ва порку ресторану фурӯшгоҳҳо дар ин шаҳрҳо барои зиндагии ҳарчи роҳ аттари шаҳрвандон ба таври шоён ташкил карда шудаанд.
Аврупоиён бо дарки масъулият бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ки кораш хеле муназзам ба роҳ монда шудааст, истифода мекунанд, зеро нақлиёти ҷамъиятӣ бештар барқӣ буда, муҳити

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё