Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
қобил буд, ҷузъиёти пахтакориро хеле зуд ва ба таври ҳасана ёд гирифт. Ҳамин тавр, хоҷагии деҳқонии Сомониёни ноҳияи Фархор низ вақте бо мо қарордод баст, аз сифр шурӯъ кард ва дар давоми муддати мазкур соҳиби киштзори обод ва фермаи гову аспу рамаҳои гӯсфанд шуд.
Ҳамин тавр хоҷагиҳои ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Фархор, Рӯдакӣ ва ғайра, ки бо мо кор мекарданд, ҳама худкифо шуданд дар ҳоле, ки қариб тамоми хоҷагиҳои дигари ҷумҳурӣ ба қарз ғӯтиданд ва дар ниҳоят давлат аз сабаби қарзи хориҷиро кафолат додан, маҷбур шуд пардохти ним миллиард долларро ба дӯш гирад.
ПОРА
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи шадиду хунин, дар байни маҳалҳо хун афтод ва тарқиши бузургеро ба вуҷуд овард, ки сабабгори беэътимодӣ ва нобоварии нухбагони тарафҳо ва дар натиҷа шиддати бесобиқа пайдо кардани марази маҳалгароӣ шуд. Адами ваҳдати миллӣ хатарноктарин омили якпорчагии кишвар шинохта шудааст, ки таҷрибаи талхи мо онро бори дигар исбот кард.
Набуди шоистасолорӣ ва расидани нафарони тасодуфӣ ба мақом дар асари зудуда гаштани фарқи ҳарому ҳалол фасодро дар кишвар ниҳодина кард, ки низ монеаи бузурге дар роҳи рушди кишвар шуд. Ҳардуи ин падида – маҳалгароӣ ва фасод дар якҷоягӣ, ҷомеаро ба табақаҳои дорову нодор, баргузидаву но баргузида тақсим карданд. Коршиносон ба як овоз нобарории иҷтимоиро сабаби асосии таркиши иҷтимоӣ донистаанд.
Ҳамин тавр, агар сабабҳои умдаи пошхӯрии Иттиҳоди шӯ равӣ заъфи мудирияту густариши фасод ва агар сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон табартақсим ва аворизи он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё