Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

лӣ иттилоъ дод, ки раиси Кумитаи андоз талаб кардааст, ки ба рои ҳар тоннаи пахтаи содиршаванда шахсан ба ӯ маблағи
50 доллар пардохта шавад.
Хомӯшии ногуворе ҳукмфармо шуд. Ҳама интизори вокуниши раиси Бонки миллӣ будем. Ман интизор доштам, ки раис телефонро мегираду занг зада, қотеъона бархӯрд мекунад, то ки пеши роҳи ин фасоди рӯирост гирифта шавад. Воқеан, ин худ сарии гӯшношуниде буд.
Раис хомӯш қаламро бардошта, ба гӯшаш халид, тоб дода гӯ шашро хорид ва бо садои нарму ором гуфт:
– Майлаш, як чизе додан лозим мешавад.
Ба зудӣ дар пайравӣ аз ин равиш, ниҳодҳои дигари дахлдор низ боҷҳои ғайриқонунии худро муқаррар карданд ва ширкат ҳои содиркунанда маҷбур шуданд, ки ба фасод ғӯта зананд.


Мувофиқи қонун ширкатҳои тиҷориро соле як бор тафтиши молӣ мегузаронданд. Бозрас аз Кумитаи андоз чанд рӯз боз ба тафтиши ширкати мо машғул буд. Чанд камбудии хурду резе ошкор карда буд, ки ба супоридани андоз ё пардохтҳои дигари давлатӣ рабте надошт. Комрон, ки мутасаддии ташкили тафтиш аз сӯи ширкат буд, ба ман дар бораи он камбудиҳо гуфт.
Ман назарамро баён кардам, ки аз сари вақт ошкор шудани камбудиҳо мо бояд хурсанд шавем ва аз бозрас ҳам сипосгузор бошем, зеро ин камбудиҳоро рафъ мекунем ва дар оянда онҳоро такрор намекунем. Вале Комрон қонеъ наменамуд.
– Мушкили дигаре ҳам ҳаст? - пурсидам ман. Комрон забон хоӣ мекард.
– Ӯ пул мехоҳад, - гуфт чашмонашро гурезонда.
– Яъне ҷарима бастан мехоҳад? - дақиқ карданӣ шудам.
Ком рон бо аломати инкор сар ҷунбонд.

пешина
аз 253
навбатӣ