Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

му севуму ғайраро ба эътирози ӯ нигоҳ накарда, дар пешаш мемонд. Меҳмон ин хӯрокҳоро ҳам то охир мехӯрд. Ниҳоят, вақте пешаш ширинӣ гузоштанд, ӯ ба ман, ки дар канораш нишаста будам, гуфт:
– Агар инро ҳам хӯрам, мемурам. Ман нигарон шуда гуфтам:
– Нахӯр, пас, чаро мехӯрӣ?.
Пурсид:
– Мизбон нороҳат намешавад?
– Чаро бояд нороҳат шавад? - пурсидам ман.
– Охир ба ман гуфтанд, ки агар дар ин кишвар мурооти миз бонро рад кунӣ, онро беҳурматӣ ба соҳиби хона медонанд,

  • ҷавоб дод ӯ.
    Бечора, ӯ аз пурхӯрии ғайриодат мариз шуд ва мо ӯро ду рӯз табобат кардем, то тавони таҳаммули роҳи баргаштро пайдо кунад.

ҶОН

он Стед аслан зодаи Инглис буд ва тиҷорати пахта кас- Ҷби хонаводагияш. Нақл мекард, ки бобояш корхонаи ресандагӣ доштааст. Дар аввалҳои асри бист ҳукумати инглис барномае рӯи даст гирифта буд, ки корхонаҳои ресандагиро аз кишвар берун кунад. Ӯ мегуфт ҳукумат ба соҳибони корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ ба ивази бастан ё аз кишвар берун бурдани корхонаашон пули калон медод. Бобои Ҷон зери фишори молӣ маҷбур шуда буд, пул гирифта, корхонаашро бандад.
Ҷон ба касби бобояш дил баста, тоҷири соҳаи пахта шуда буд. Солҳои дароз дар кишварҳои мухталиф ҳамчун намояндаи ширкатҳои пахта кор карда, ниҳоят дар Амрико маскун гашт.
Ӯ дар тиҷорати пахта донишу таҷрибаи зиёд дошта, дар дунёи

пешина
аз 253
навбатӣ