Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекардем. Вале тарафи Ӯзбакистон ин корро махсус мекард, зеро эълони фурӯши ҳаҷми болои пахтаи Ӯзбакистон ба паст нашудани нарх мусоидат мекард, ки ин ба манфиати онҳо буд.
Бо назардошти ин ва дигар бозиҳои ҳушмандонаи онҳо, мо ба мушаххасоти навъҳои нави пахтаашон низ бо истеҳзо мени гаристем, вале баъдан маълум шуд, ки онҳо воқеан заҳмат кашида, сифату самараи пахтаи худро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардаанд, ки имрӯзҳо ҳам шоҳиди ҳаҷми бесобиқа боло ва дар тамоми ҷаҳон серхаридор буданаш ҳастем.
Он сол раиси бурси пахта ва намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ дар ин конфронс ширкат доштанд.
Ғайричашмдошт, тарафи Ӯзбакистон хоҳони баргузории мизи гирд бо мо – ҳайати Тоҷикистон шуд. Дар вохӯрӣ аз тарафи То ҷикистон раиси бурси пахта, як намояндаи Вазорати кишоварзӣ ва ду-се нафар сарони ширкатҳо иштирок кардем. Ҳайати Ӯзбакистонро Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷияшон ҷаноби Ғаниев сардорӣ мекард.
Дар давоми суҳбат маълум шуд, ки тарафи Ӯзбакистон ба мо пешниҳодҳои мушаххас доштааст. Онҳо аз мо хоста буданд, ки дар фурӯши пахта ҳамкорӣ кунем, то нархи пахта паст зада нашавад, ки ба суди ҳарду тараф буд. Инчунин ҷаноби Ғаниев пешниҳодоти имтиёзноке ҳам дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тухмии баландсифати пахта карда буд. Пешниҳодҳои онҳо барои мо воқеан судовар буданд, вале намояндагони давлатии ҳайати мо зарфияти дарки ин масъалаҳоро надоштанд ва бо сар ҷунбондану «мебинем, баррасӣ мекунем» гуфтан иктифо карданд. Дар ҳоле, ки пешниҳодҳои онҳо ба суди мо буд ва мо бештар аз онҳо ба ин ҳамкориҳо ниёз доштем.
Дар масъалаи мушкилоти соҳаи пахтапарварӣ ва роҳҳои ҳалли он ман мақолаи муфассале навишта будам, ки дар рӯзномаи «Азия Плюс» нашр шуда буд. Чун он мақола ба забони ру сӣ буд ва хеле ихтисосӣ аст, дар ин ҷо оварданаш лозим дида

пешина
аз 253
навбатӣ