Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ман зуд худро ба даст гирифтам.
– Командир, ин пуле, ки мегӯед, агар ҳатто мавҷуд бошад, ҷамъ кардану оварданаш кори осон нест. Ман ҳама чизамро сарф мекунам, ки бародарамро бихарам, вале чизе гӯед, ки ман тиқӣ бошад, - гуфтам.
Афсари амният ва дигар корафтодагон ба ман ёд дода буданд, ки ба шартҳои онҳо розӣ нашавам. Дар ҳоли розӣ шудан, онҳо ҳар замон шартро тағйир дода, пули бештар талаб карданашон мумкин буд.
– Мошин, хона ҳама чизи доштаамро медиҳам, вале ин шарти шуморо иҷро карда наметавонам, - илова кардам ман.
– Восит ҳама коратро медонад, бо колхозҳои Қабодиёну Пан ҷу дигару дигар кор карданатро бародарат гуфта додааст, ин пулҳо барои шумоҳо пуле нест, - бо истеҳзо гуфт командир.
Ва илова кард:
– Майлаш, ҳаштсадто меорӣ, ман Воситро розӣ мекунам.
Вале агар аз ин кам гӯӣ, бародаратро куштанашон мумкин аст.
Мо ҳамакаса аз ӯ илтимос кардем, ки бо гаравгонгирон суҳ бат кунад, ки шартро сабуктар кунанд, мо ҳам мебинем, ки чӣ қадр пул ҷамъ карда метавонем. Ӯ гуфт, ки пагоҳ оем. Ман илтимос кардам, ки маро назди онҳо барад, худам бо онҳо суҳбат мекунам. Ӯ аз густохии ман ба шӯр омада, «рав пагоҳ биё!», гуфта дӯғ зад. Ҳамроҳонам ҳам ҳарчанд илтимос карданд, ки ҳамин ҳоло рафта гапзанон кунад, мо интизор мешавем, розӣ нашуд. Вале ваъда кард, ки пагоҳ ба мо навори видеоӣ низ нишон диҳад, то Абдулҳакимро дида, бовар кунем, ки рост мегӯяд.
Ин як шеваи дигари тарсафканӣ ва фишори равонӣ овардан рӯӣ ақрабои гаравгон будааст, ки вақте азизи худро дар банду зор мебинанд, бештар гапдаро мешаванд.
Мо ноилоҷ баргаштем. Фикр мекардам, ки чӣ гуна ақаллан як миқдор пул тайёр кунам. Ҳеч пули тайёре дар даст надоштам, тамоми сармояам дар болои колхозҳо монда буд, балки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё