Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ?
Зи хасм.
Хасмаш кӣ?
Падар.
Додам-ш ду бӯса.
Бар куҷо?
Бар лаби тар.
Лаб буд?
На!
Чӣ буд?
Ақиқ.
Чун буд?
Чу шакар.
Мо ҳама моту мабҳут шуда, аз ин кори ғайримаъмулии ус тодамон лаҳзае хомӯш мондем. Муаллим пурсид:
– Ин шеъри кист?
Касе ҷавоби дуруст дода натавонист. Пас аз ҳама ҷавобҳоро рад кардан, устод бо ангушт ба сӯи тиреза нишон дод. Мо ҳама ҳайрон ба ҳам нигоҳ мекардем. Табассуми роздор ва ангушти ишораи омӯзгорамон гӯё шахшуда буд ва лаҳзае пас мо якчанд нафар якбора «Рӯдакӣ!» гуфта дод задем. Ангушти муаллим ба сӯи мақбара нигаронда шуда буд. Ӯ бо қаноат сар такон дода, тасдиқ кард.
Муаллим он рӯз моро ба мақбараи Устод Рӯдакӣ бурда, байт ҳои дар дохили он ба хати ниёкон навиштаро хонд ва гуфт, ки ҳар як сокини ин диёр бояд ҳадди ақал чанд байти Устодро азёд донад. Ашъоре, ки ман аз Устоди устодон он замон ҳифз кар дам, дигар ҳеч гоҳ фаромӯш нашуд.
Чизи номатлуби дигаре, ки дар мактаби мо мушоҳида мешуд, ин буд, ки натиҷаи кори муаллимон ба баҳои хонанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё