Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
вобаста буд. Агар хонанда охири сол баҳои ғайриқаноатбахш бигирад ва дар синфаш монад, муаллимон гап мешуниданд ё ҳатто ҷазо медиданд. Натиҷа чунин мешуд, ки онҳо хоҳу нохоҳ ба хонанда баҳое гузошта, ӯро ба синфи болоӣ мегузаронданд.
Аз ҳамсолони ман чандин нафар то охир хондану навиштанро ёд нагирифта бошанд ҳам, мактабро хатм карданд.
Инчунин, аксари падару модарон умуман бо мактаб ҳамкорӣ намекарданд ва донишандӯзии баччаҳо дар хона фақат ба шавқи худи онҳо вобаста буд.
Ғайр аз ин, барномаи мактабҳои тоҷикӣ хеле заиф буд. Инро дар қиёс мегӯям. Масалан диктанависиро мо аз синфи 4-5 сар мекардем, ҳол он ки дар мактабҳои русӣ аз синфи 1-2 оғоз мекар данд. Айнан ҳамин тавр, иншонависиро дар мактабҳои русӣ аз синфи 4-5 оғоз кунанд, мо фақат аз синфи 9 сар мекардем.
Сабаби ин фарқ то ҳол ба ман нофаҳмост. Умуман, мактабҳои миёнаи тоҷикии шӯравӣ дар рушди шахсии хонанда чандон муассир набуданд ва саводи додаашон ҳатто барои хондани қарору дастурҳои ҳизби коммунист на ҳамеша ба кор мерафт.
Бояд фикр бикунем, ки чаро мактаби кӯҳнае, ки мо аслан тангу тор меҳисобем, Айниву Дониш ва садҳо нобиғаи дигарро дод, ки мислашон аз мактаби нав кам баромад?
САҒИРАПАРВАР
амони мактабхонии мо дар мактабҳои Шӯравӣ расме
Збуд, ки давлат соле як бор ба баччаҳои бесаробон сарулибос медод. Шояд ин расми хуб бошад, вале ростӣ хеле
ба шеваи бад анҷом мешуд. Як ҳамсинфи мо модар надошт,
мегуфтанд, ки дар кӯдакӣ модараш аз дунё гузаштааст. Ҳар сол
ба ана ҳамин ҳамсинфи мо як сарупо либосро ба синф оварда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё