Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
да рахтони зардолу ғӯра канда, ба пайравӣ аз калонсолон газак карда, «водка»-амонро бихӯрем.
Вақте аз роҳи Қалъаи Кӯҳна боло мерафтем, аз пешамон Ҷам шедбой ном ҳамсояписар, ки се-чор сол аз мо калонтар буд, баромад.
– Куҷо мераветон?-пурсид ӯ. Ӯ баччаи беозоре буд ва синнаш калонтар бошад ҳам, мо ӯро ба бозиҳои худ шарик мекардем.
– Водкахӯрӣ, - гуфт Ҷобир. Ҷамшедбой бовар накарда:
– Чӣ хел водка? - гуфта пурсид. Ҷобир ангушт ба лаб гузошта, «тсс» гуфта, ба ӯ наздик шуд ва пироҳанашро каме боз карда, шишаи арақро нишон дод ва бо ишораи сар Ҷамшедбойро низ даъват ба ҳамроҳӣ кард. Ҷамшедбой моту мабҳут ба мо нигарист ва дар чеҳраҳои мо қаноатмандӣ аз дороиямонро дида, ҳамроҳи мо равон шуд. Ҳама ҷастухез карда, давида мерафтем, вале сухан намегуфтем, то ки касе аз калонҳо аз ниятамон огоҳ нашавад. Вақте девори охирини хонаҳо ақиб монд, Ҷамшедбой давида, ба Ҷобир наздик шуд ва:
– Балота гирам, аз куҷо ёфтӣ? Те як бор бинам, - гуфта хоҳиш кард. Ҷобир бо хавотир зери чашм атрофро аз назар гузаро нида, шишаро аз зери пироҳанаш бароварда ба Ҷамшедбой дод. Ҷамшедбой шишаро гирифта ба ваҷд омад ва:
– Ба худо, рост будааст, водка! Рафтем, боғи мо, - гуфта, пеш даромад. Мо ҳама аз болои девори боғи онҳо даромада, дар рӯйи алаф зери дарахти зардолу нишастем. Чанд ғӯра канда, дар байн рӯйи санг гузоштем. Ҷамшедбой сарпӯши термоси кӯҳнаи дар боғашон бударо ёфта овард. Шишаро кушода, «ҷом»-ро ба гардиш даровардем. Ҷамшедбой аввалин ҷомро нӯ шида «пуф-пуф, ваҳ чи хел бадхӯр» гуфта, ғӯраро ба даҳонаш андохта «газак» кард. Ҷамшедбой, ки аз мо калонтар буд, мо боварӣ доштем, ки ӯ қаблан арақ хӯрдааст ва ҳарфу ҳаракатҳояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё