Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

барои мо намунаи ибрат буданд. Мо ҳама бо хандаву шӯхӣ аз ин тарзи «водка»-хӯрии ӯ пайравӣ мекардем. Баъд аз ҷоми севум забони Ҷамшедбой печидан гирифт. Бо нӯшидани ҷоми дигар аз гулӯи ӯ ғайр аз садоҳои «ъм-ъм» ҳарфе намеомад ва нигоҳаш ҳам беҳушгуна менамуд. Мо аз ҳоли ӯ тарсида, ҳарчанд «Ҷам шедбой, шӯхӣ бас, ин водка не, ин об» гӯем ҳам, ӯ ба худ намеомад. Гӯё Хоҷа Ҳофиз ин байти худро дар тасвири ҳоли ӯ суруда буд:

Мекашем аз қадаҳи лола шароби мавҳум,
Чашми бад дур, ки бе мутрибу май мадҳушем.

Агар касе Ҷамшедбойро масхара карданӣ шавад, ӯро «Ҷаъшебой» садо карда мегурехт. Одатан, ӯ аз ин хеле ба хашм омада, аз паси гӯянда давида, агар ӯро дарёбад, ҷазо медод. Ман ду қа дам дуртар рафта, ӯро бо он номи бадмедидааш садо кунам ҳам, ӯ вокунише нишон надод, тамоман маст шуда буд. Мо дар таҳ лука афтидем, машварат карда, ба хулосае омадем, ки ӯро ба хонаашон бурда расонем. Аз ду китфаш бардошта, кашола карда, то пушти даричаи хонаашон бурда монда, гурехта хона ба хона рафтем. Бегоҳ дар сари кӯча бо тарсу ларз ҷамъ шудем, ки Ҷамшедбой ҳушёр аз дари ҳавлияшон баромада омад ва:
– Росташа гӯетон, водкая аз куҷо дуздидетон, ваҳ, ҳолиям са рам дард мекунад, - гуфт. Зоҳиран, ӯ низ арақхӯрии касеро дида буд, вале ҳамин бо мо «арақ хӯрдан» таҷрибаи нахустинаш буд, ки арақро аз об фарқ накарда қариб моро аз тарс гурдакаф кар да буд. Ба қавли Низомии Ганҷавӣ:

Ҳадиси кӯдакию худпарастӣ,
Раҳо кун, к-он хаёле буду мастӣ.

пешина
аз 253
навбатӣ