Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

танд маро рӯҳбаланд бикунанд, вале ман ки бачча будам, аз ин «ифтихор»-и онҳо курта-курта гӯшт мегирифтам.
Писари чӯпон – Бобоашӯр, ки ҳамроҳи мо омада буд, Бобокалон ном дошт. Сари Бобоашӯр, ба гуфти ҳолдонҳо кал будааст ва ӯ соле дувоздаҳ моҳ як кулоҳи зимистонии сарбозии шӯравиро пӯшида ин «айб»-ашро пинҳон мекард. Ӯ инчунин ҷомаи пахтагии гармро, ки маъмулан фақат дар зимистон мепӯшанд, ҳеч гоҳ аз танаш дур намекард. Касе ӯро бе ин кулоҳи кӯҳнаи фарсудаву ифлос ва он ҷомаи аз чирк ранги аслияш номаълум, надидааст. Ӯро дар ғайбаш Кали Ашӯр низ мегуфтанд.
Аъмоли ӯ хеле ба Қорӣ Ишкамбаи Устод Айнӣ шабоҳат дошт. Мегуфтанд, ки ӯ пули зиёд дорад, вале касе намедонад, ки пулҳояшро дар куҷо нигоҳ медорад. Баъзеҳо бар ин бовар буданд, ки ӯ пулҳояшро дар ғорҳо пинҳон мекунад, баъзеи дигар мегуфтанд, ки дар остари ҳамон ҷомаи ҳамешадартанаш ҷой карда, ҳамроҳи худаш мегардонад.
Дар хӯрдан низ аз Қори Исмат монданӣ надошт. Ҳамин ҳоло агар дигарон дар пиёла чой нӯшанд, у нимкосаеро то нимаш қанди сафед рехта, аз рӯяш чой пур карда, як нонро аз он нонҳои хуштаъм пора карда, дар он нимкоса тар карда монда буд ва нони дигарро ду пора карда, нимашро ба даҳонаш халонда, нимаи дигарашро қат карда, дар дасташ нигоҳ медошт, то ба маҳзи холӣ шудани даҳон онро низ ба он ҷо бихалонад.
Як нони дигарро аз рӯи нонҳои дар байн истода гирифта, дар наздаш, рӯи дастархон гузошта буд ва бо он дасти дигараш аз гӯшаи он дошта меистод, то касе онро нагирад. Ҳамин тавр, дар ҳоле, ки дигарон нонро шикаста дар пеши ҳама як буридаӣ гузошта буданд ва онро ҳам кам-кам мехӯрданд, ӯ аз он даҳ нон сетоашро дарзамон соҳибӣ карда буд. Чашмонаш ҳарисона ҳаракати дасти дигаронро дунбол мекарданд. Ба фикрам, агар дасти дигаре медошт, рӯйи он чанд нони дигар мегузошт, то

пешина
аз 253
навбатӣ