Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

касе ба онҳо низ нарасад. Ин саҳна тақрибан яке аз он саҳнаҳое буд, ки ман дар «Марги судхӯр» хонда будам.
Бобоашӯр умуман савод надошт. Писари калонии ӯ Бобоараб ҳамсинфи ман буд, Бобокалон писари хурдии ӯ, ки ҳамроҳи мо омада буд, аз ман ду синф поёнтар мехонд. Писаронаш низ бештар ба касби падарашон шавқ доштанд ва саводашон аз ӯ бештар набуд.
Замоне ки гирди дастархон нишаста будем, амакам, тибқи одат аз ман вазъи хонишамро пурсиданд. Чун охири моҳи май, яъне поёни соли таҳсил буд, дарсҳо тамом шудаву мо чоряки охирини солро ҷамъбаст карда будем, амакам пурсиданд:
– Хайр, чоряки охирро чӣ хел ҷамъбаст кардӣ?
– Ҳамааш панҷ! - бо ифтихор гуфтам ман.
Ду-се нафаре, ки дар атрофи дастархон буданд, ба ман офарину аҳсант гуфтанд. Намедонам аз чӣ бошад, ки ин таърифҳо ба Бобоашӯр писанд наомаданд ва вай, дар ҳоле, ки даҳонаш пур аз нон буд, баргашту ба ҳозирон бо норозигӣ гуфт:
– Чӣ ин қадар ӯро таъриф мекунед? Бобокалони ман ҳам шеър медонад! Савод надоштани писарони Бобоашӯрро ҳама медо нистанд. Яке аз ҳозирон аз Бобокалон баҳоҳои ҷамъ бастияшро пурсид. Бобоашӯр нагузошт писараш ҷавоб диҳаду гуфт:
– Бобокалон, ҳамон шеърата бихон!
Ҳама ҳайрон шуданд, ки Бобокалон ҳам шеър медонистааст.
Он замон дар Панҷрӯд расм буд, ки ҳар кас порае аз шоирони бузург, махсусан аз Устод Рӯдакӣ бидонад, вале ин ки Бобокалон ҳам шеър медонистааст, ҳамаро ба тааҷҷуб овард ва аз ӯ хоҳиш карданд, то бихонад.
Барои ман бисёр ҷолиб буд, ки Бобокалон кадом шеърро аз ёд кардааст, зеро медонистам, ки ӯ аслан хондану навиштанро наметавонист. Ӯ аз ҷояш хест, қоматашро рост гирифт, гулӯ тоза карду бо садои баланд ва оҳанги хос ин шеърро хонд:

пешина
аз 253
навбатӣ