Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ки бо мусодираи замин ва олоти меҳнат сохта буданд, водор ба он карданд, ки тамоми маҳсулоти рӯёндаи худро ба давлат биспоранд, ки ин низ сабабгори қаҳту гушнагии бесобиқа ва марги миллионҳо нафар гашт, ки ба номи «голодомор» ё «гушнамурӣ» маъруф аст.
Ҳикоят мекунанд, ки он замон, як писарбаччаи панҷрӯдӣ, ки ҳанӯз барҳаёт аст, бо дастури модараш ба назди раиси колхоз омаду гуфт:
– Модарам хоҳиш карданд, ки як тоқӣ гандум диҳед, ба хоҳарам атола пазем, ки аз гушнагӣ варам кардаасту мисли ба родарам, ки дирӯз мурд, мемирад.
Раис пурсид:
– Бародари мурдаатро чӣ кор кардед?
– Гӯр кардем, - ҳиқ-ҳиқ аз гиря нафасгир шуда гуфт кӯдак.
– Рав, ба очаат гӯй, ки ин ҳам мурад, қатори ҳамон бародарат гӯр мекунед! - бо зарда ҷавоб дод раис.
Бечора раис, гӯё агар ғами он духтари бадбахтро мехӯрд, бо аҳли авлодаш ба Сибир бадарға шуданаш яқин буд.
Солҳои шуми бисту сии асри гузашта дар саросари шашяки рӯи замин аҳвол ҳамин будааст. Миллионҳо одамон бо ҷабр қурбони он сиёсати беамони наслкушӣ шудаанд.
Ба ҳамин қимати миллионҳо ҷони инсонӣ Сталин дар муддати нисбатан кӯтоҳ – даҳ-дувоздаҳ сол, тавонист кишварро саноатӣ кунад. Барои ӯ ва низоме, ки созандааш ӯ буд, ҳаёти инсон ва фоҷиаи иҷтимоӣ арзише надошт ва нақли қавли ӯ, ки гуфта буд: «Қатли як нафар ҷиноят ва қатли ҳазорон нафар омор аст», исботи ин фикр аст.
Ин ҷо дар ҷавоб ба таънаи баъзе миллатгароҳои рус, ки гӯё Русия тоҷиконро мехӯронд, бояд гуфт, ки дигар ташхис додани ин, ки ба баҳои ҷони ҳазорон ҳазор тифли маъсуми тоҷик Русия саноатӣ шуд ё бо баҳои ҷони ҳазорон ҳазор «кулак»-и халқҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё