Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дигар Иттиҳоди шӯравӣ сохта шуд, корест бемаънӣ ва тавҳин ба рӯҳи он ҳама қурбоншудагон!
Ҳамин колхози Рӯдакӣ низ ҳосили он солҳост, ҳанӯз ҳам мардум медонанд, ки заминҳои колхоз моли кӣ буданд, барзагову аспу юғу омочи кӣ мусодира ва ҷамъиятӣ шуда, асоси колхозро ташкил кардаанд.
Дар замони баччагии ман колхоз муассисае буд, ки аксари мардуми деҳот аъзои он буданд. Вале воқеият ин буд, ки мардум расман саҳмдори ин хоҷагиҳо бошанд ҳам, дар асл моликияти хоҷагиро моли худ намеҳисобиданд, балки ба он ҳамчун моликияти бесоҳиб муносибат мекарданд. Онҳое, ки ба моликияти колхоз дастрасӣ доштанд, дар дуздӣ ва азхуднамудани он ибо намекарданд. Дар ҳолати ошкор шудани дуздиву фасод аз сӯи мақомоти назораткунанда, аксаран бо ришва аз ҷавобгарӣ халос мешуданд.
Иқтисод дар Шӯравӣ нақшавӣ буда, хоҷагиҳо вазифадор буданд, то тамоми маҳсулоти истеҳсолкардаашонро бо нархи таъиншуда ба давлат бисупоранд, ки ин дар кормандон барои иҷро кардани нақша ангеза эҷод намекард. Дар ҳолати иҷро нашудани нақша масъулон ҷазо медиданд. Ин амр онҳоро водор мекард, ки изофанависӣ ва оморсозӣ кунанд. Ҳамин тавр, иқтисоди нақшавии шӯравӣ дар соҳаи кишоварзӣ як низоми фасодзада ва дурӯғ буд, ки ба камбуди маводи ғизоӣ овард ва давлат маҷбур шуд, барои вориди гандум аз хориҷа маблағҳои калон сарф кунад.
Одамон тибқи фарҳанги суннатӣ ба моликияти шахсӣ эҳтиром қоил буданд. Вале ин шакли моликияти ҷамъиятӣ фарҳанги мардуми моро, ки ҳаромхӯриро гуноҳ медонистанд, комилан тағйир дода, фарқи ҳалолу ҳаромро аз миён бурд.
Дар деҳа замони баччагии ман Кампири Робиа ном пиразане мезист, ки то охири ҳаёташ нафақаи таъинкардаи дав-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё