Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲИКОЯТЕ АЗ ҶАВОНӢ

Ёд дорам, он сол падарам хона бино мекарданд. Дар дашти Марғедар ба мардум заминҳои наздиҳавлигӣ дода буданд, ки ба оилаи мо ҳам як порча расида буд. Тибқи расми роиҷ, ба ҳар падари тоҷик се чиз фарз аст: ба писар номи некӯ гузоштан, ӯро зан додан ва барояш хона сохтан. Падарам дар фикри соҳиби хона кардани ҳар як фарзандашон буданд ва сохтмони ин хона қадаме буд дар иҷрои ин фариза.
Қисса кӯтоҳ, он сол ман дар сохтмони қабати дувуми ҳамин хона, ки аллакай ошёнаи зераш сохта шуда буд, дастёрӣ кардам.
Устои чӯбкор, усто Раҳмонқул аз деҳаи Қумоқи ҳамсоя буд.
Мардуми Киштӯд сабки махсуси хонасозӣ доранд. Қариб ҳамаи хонаҳо як гуна сохта мешуданд. Як айвони дароз ва аз дохили он вобаста ба талаботи соҳибхона якчанд дар хона.
Баданаи ин иморатҳо хеле мустаҳкам сохта мешавад. Ҳатман дар хонасозӣ заминларзаро ба ҳисоб мегиранд. Мегӯянд, ки сохтори ин хонаҳо ба заминларзаи шадид тобовар аст. Сараввал тарҳи хона комилан аз чӯб сохта мешавад. Аввал синҷҳои поёнро мегузоранд, сонӣ дар ин синҷҳо комак бароварда сутунҳои асосиро амудӣ барқарор мекунанд. Ва як рӯз ҳашари синҷбардорон даъват карда, сарсинҷҳоро дар сари ин сутунҳои аслӣ устувор мекунанд. Пас аз ин тамоми ин тарҳро бо каҷсутунҳо муҳкам мекунанд ва ҷолиб ин аст, ки дар сохтани ин бадана умуман аз мехи оҳанӣ истифода намекунанд, таҳсинҷу сарсинҷро ба ҳам бо сутунҳо комак бароварда, васл мекунанд, фақат ҷо-ҷо он ҳам мехи чӯбӣ истифода мекунанд, ки мегӯянд ин равиш муқо вимати биноро ба заминларза боло мебарад. Баъд дар болои синҷҳо болорҳои чӯбинро гузошта, устувор мекунанд.
Ҳамин тавр, баданаи хонаро комилан аз чӯб месозанд ва баъд аз ин кори лойгарӣ сар мешавад, ки байни ин сутунҳоро хишти лойӣ чида, аз рӯяш андова мекунанд.

пешина
аз 253
навбатӣ