Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
латро нагирифт ва ғайр аз ин иҷозат ҳам надода буд, ки ба хо нааш барқкашӣ кунанд. Ӯ гуфта буд, ки ман ба давлат кор на карда ам, ки аз он нафақа гирам, он барои ман ҳаром аст.
Пули барқро ҳам пардохта наметавонам, фардо дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳам. Ҳамин тавр, ин пиразан то охири умр бо қуте, ки аз замини худаш ба даст меовард, бо қаноат зист.
Қаноат ва ҳалолхӯрӣ қаблан ҷузъи афкори ҷомеа будааст, ки бо пайдоиши «моликияти бесоҳиб» тағйир ёфта, луқмаи ҳа лоли мардумро ҳаром кард.
Намедонам, сабаб хотираи мардум аз он забти беинсофонаи моликияти бобоёнашон буд, ё нафси бад, вале як иддае, ки он солҳо рӯйи кор буданд, беибо моликияти ҷамъиятиро тороҷ ме карданд. Намехоҳам бигӯям, ки дар ҷомеаи қабл аз колхоз дуздиву ҳаромхӯрӣ набудааст. Вале қабл аз колхоз моликият соҳиб дошт ва дуздиву ҳаромхӯрӣ наметавонист ин қадр густарда паҳн шуда, ҷузъи фарҳанги ом бишавад. Албатта, на ҳама ба дуздӣ даст мезаданд. Он вақт ҳам зиёд буданд нафароне, ки имону эътиқод доштанд, ки ҳаромхӯрӣ гуноҳ аст.
Вале нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки онҳое ҳам, ки аз дуздиву ҳаромхӯрӣ ор мекарданд, амали табаҳкоронро нодида мегирифтанд, дар тӯю маъракаҳои онҳо иштирок мекарданд ва дар хӯрдани моли ҳароми онҳо шарик мешуданд. Аз ин метавон хулоса баровард, ки ҳарому дурӯғ ором-ором дар ҷомеаи шӯравии тоҷик – ин миллати некройу некпиндор ва озода роиҷ ва маъмул мешуд.
Ба назар чунин менамояд, ки коммунизм ҳамчун мафкура дар назария дилкашу ҷолиб бошад ҳам, дар амал ба табиати ин сон созгор набудааст. Ҳамин изофанависӣ, оморсозии дурӯғин ва фасоди густарда дар охир яке аз сабабҳои суқути ногузири киш вари абарқудрати Шӯравӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё