Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин чунин ҳамсоядеҳаҳои Артуч, Мадовра, Якахона, Кулолӣ, Зери Ҳисор, Некнот, Шашқат ва Кошона низ ҷузъҳои ин колхоз ва аксари сокинони ин деҳаҳо аъзои ин хоҷагӣ буданд. Колхози Рӯдакӣ муассисаи кишоварзие буд, ки асосан ба тамокукорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буд. Ғайр аз ин, колхоз заминҳои лалмӣ дошт, ки дар онҳо ҷаву гандум мекориданд. Мардуми деҳа соле ҳашт-нӯҳ моҳ дар мазрааҳои колхозӣ кор мекарданд ва танҳо се-чор моҳи зимистон нисбатан озод мешуданд. Музде, ки колхоз ба кормандони худ медод, зиёд набошад ҳам, барои рӯз гузаронии сода кифоят мекард.
Сокинони Панҷрӯд дар назди хонаҳояшон замин доштанд, ки қисман аз боғҳои себу нок иборат буда, дар қисми дигари ин заминҳо анвоъи зироати ғизоӣ кишт мекарданд, ки эҳтиёҷоташонро таъмин менамуд. Дар моҳҳои зимистон, ки кори колхоз кам мешуд, меваи боғҳои худро ба бозорҳои Марву Чор ҷӯй ва Бухорову Тошканд ва гоҳе Ишқободу Олмоото бурда мефу рӯхтанд ва даромад ба даст меоварданд. Ҳамин тавр, ин заминҳои наздиҳавлигӣ, аз як сӯ, хонаводаҳои мардумро бо сабзавот таъмин намояд, аз сӯи дигар, фурӯши меваи он даромаде медод, ки мардум камиҳои дигари рӯзгорашонро аз он ҳисоб буд мекарданд. Ғайр аз ин, ҳамаи сокинон чорвои хонагӣ доштанд, ки хӯроки он аз заминҳои наздиҳавлигӣ буд ва он дар навбати худ, хоҷагиҳоро бо гӯшту шир таъмин мекард. Ба назари ман, ин заминҳои наздиҳавлигӣ бештар аз музди меҳнати колхозӣ ба мардум даромад медоданд ва бори рӯзгорашонро мекашиданд.
Мардуми деҳа меҳнатдӯст буданд. Ин меҳнатдӯстӣ тавъам бо суннатҳои устувори бобоӣ ва сиёсати ҳукумати давр боис шуда буд, ки мардум бештар дар деҳа пойбанд шуда, камтар аз паи омӯзиш ва илму фан мерафтанд. Илова бар ин, сиёсати «сабти ном дар ҷои истиқомат»-и давлати вақт иҷозаи муҳоҷират на медод, дар натиҷа мардум ба истилоҳ дар як мамнӯъгоҳе

пешина
аз 253
навбатӣ