Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
мезистанд. Тибқи сиёсати сабти ном дар ҷои истиқомат, ё ба истилоҳи он замон роиҷ – «прописка», дар Иттиҳоди шӯравӣ мақомот муҳоҷирати мардумро шадидан назорат мекарданд ва тағйири ҷои истиқомати шаҳрвандон фақат бо иҷозати мақомот имконпазир буд. Хатмкардагони мактаби деҳа ба мактабҳои олӣ дохил шуда, онро хатм кунанд ҳам, аксаран, бо роҳхат ба зодгоҳ фиристода мешуданд. Барои онҳо маскун шудан дар шаҳрҳо ё идома додан ба таҳсил кам муяссар мешуд.
Умуман, ҷомеаи Панҷрӯдро метавонем ҷомеаи суннатӣ ном барем, ки дар он танзими ҳаёт аз рӯйи расму русум ва урфу одат амалӣ мешавад. Одамон дар ин ҷомеа бештар дар ҳалқаи қавму авлод зиндагӣ мекунанд, ки он яке аз омилҳои пойбанд мондан ба ин расму русум мебошад.
Дар чунин ҷомеае инсон пойбанди як қатор урфу одатҳо аст, онҳоро муқаддас мешуморад ва ҳеч гоҳ ба шикастани онҳо даст намезанад. Зимнан, расму русум дар ҷомеа дар замонҳои гуногун зери таъсири шароити зист пайдо мешаванд. Масалан, серфарзандӣ дар Панҷрӯд замоне расм шудааст, ки маргумири кӯдакон ба сабаби шароити бади беҳдошт зиёд будааст.
Ҳатто, дар байни мардум мақоле ҳаст, ки мегӯяд: «Як фарзанд фарзанд нест». Ё, падидаи маҳдуд зистани сокинони деҳа ва аз муҳоҷирату омезиш бо мардуми берун худдорӣ кардани онҳо, маҳсули замони турктозӣ ва хатарзо будани дунёи берун будааст.
Дар чунин ҷомеаи суннатгаро ақли салим ҳукмфармоӣ мекунад ва ба фарқ аз тафаккури мантиқӣ, падидаҳоро таҳлил намекунад, ба ботини онҳо наменигарад ва маҷмӯи рафтору кирдори роиҷро бе таҳлилу баррасӣ қабул намуда, иҷрои онро аз ҳамагон талаб мекунад.
Ҳамин тавр, сокинони Панҷрӯд низ дар замони кӯдакии ман ба тағйири шароит нигоҳ накарда, ба урфу расми бобоӣ арҷ гузошта, дар чорчӯби онҳо зиндагӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё