Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
соҳибони ин сарзаминро ба номи худ навиштанд, ки то ҳол касе аз ғасбгарони ин сарзамин ин найрангро ба кор набурда буд.
Дар натиҷаи ин тақсимоти ноинсофона, ба мо тоҷикон аз сарзамини паҳновару ҳосилхези бобоиямон як гӯшаи дурдасту нообод ва кӯҳистонии он расид, ки имрӯз бо номи Тоҷикистон шинохта мешавад. Вале ҳатто ҳамин кӯҳпораи нообод низ ба осонӣ ба даст наомад, барои ба даст овардани ин як порча замин, барои сохтани кишвар барои соҳибони аслии ин марзу бум, фарзандони фарзонаи миллати ман ҷонбозиҳо карданд ва ниҳоят аксаран бо иттиҳоми миллатчигӣ қурбон шуданд.
Аҷибаш ин буд, ки минтақаҳои ба тоҷикон додашуда гӯё махсус интихоб шуда буданд. Як порча аз водии Фарғона, порчаи дигар аз водии Зарафшон ва як порча аз Бухорои шарқӣ, ки табиатан ба воситаи кӯҳҳо аз ҳам ҷудо буда, байни ҳам роҳи бевосита надоштанд. Дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ ҳам байнашон роҳи хуб сохта нашуд ва ин минтақаҳо шомили як кишвар бошанд ҳам, дар асл дар ҳолати аз ҳам гусаста зиндагӣ мекарданд, ки яке аз сабабҳои асосии адами ваҳдати миллӣ ва рушди марази маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ҳадафи асосии дастандаркорон маҳалҳоро дар инзиво гузошта, аз байн бурдани забони форсии тоҷикӣ буд. Сабаби забони худро хуб ҳифз карда тавонистани мардуми болооби Зарафшон он буд, ки Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои тоҷикон буданд ва забону фарҳанги худро нигоҳ дошта буданд. Вале дар қисмати водии Фарғонаи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба қисматҳои дигари Тоҷикистони ба таври сунъӣ сохташуда роҳ надошт ва бештар бо Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбакистон равуо дошт, таъсири забони ӯзбакӣ бамаротиб бештар буд ва ба забони мардум садама зад.
Аз шаҳрҳои ҳазорсолаҳо ба мардуми ман тааллуқдошта, аз марказҳои сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангии таърихиямон, ки заминаи асосии ташаккули миллати воҳиди тоҷик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё