Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

буданд, яке ҳам ба мо нарасид. Дар натиҷа, барои кишвари ба таври сунъӣ барои мо тоҷикон сохташуда, як деҳаро пойтахт интихоб намуданд.
Рисолатҳои пойтахт хеле муҳим буда, он созандаи ҳувияту фар ҳанг, тафаккури миллӣ, ваҳдати сокинони маҳаллу музофот ҳои мухталифи кишвар аст. Шаҳри Душанбе дар замони Шӯравӣ ба маънии томи ин сухан пойтахти миллии тоҷикон нашуд, он бештар як шаҳри русӣ буд ва аз ин сабаб рисолатҳои мазкури худро ба пуррагӣ иҷро карда натавонист. Ин буд, ки дар ин кишвари ба таври сунъӣ ва бадтарин навъ сохташуда, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомад ва ин чиз дар солҳои аввали истиқлол яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз дар кишвар гардид.
Гарчанде солҳои 70-80-ум нишонаҳои умедбахши дар Душанбе ба ҳам омадани намояндагони минтақаву маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид, аммо бо касофати фурӯ пошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои
90 ин раванд қатъ гардид ва нотамом монд.

ХИЗМАТИ САРБОЗӢ

Дар ҳоле, ки дар Шӯравӣ донишҷӯёнро ба хизмати сарбозӣ
на мегирифтанд, ба бахти ман дар соли 1984, ки соли аввали дар
До нишгоҳ хонданам буд, қоидаи нав рӯйи кор омад ва дав лат
қа рор кард, ки донишҷӯён низ ба хизмати сарбозӣ ҷалб шаванд. Ягона истисно барои донишгоҳҳои пизишкӣ дар назар
ги рифта шуда буд, ки ин қарор донишҷӯёни онҳоро аз хизмат
озод мекард. Аслан, барои омӯзиши забони хориҷӣ низ фосила
дар байни таҳсил зараровар аст, вале он вақт факултаи мо ҳам
шомили феҳристе шуд, ки донишҷӯёнаш бояд барои сарбозӣ
би раванд. Он замон артиши шӯравӣ дар хоки Афғонистон буд,

пешина
аз 253
навбатӣ