Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гирон мешуд. Вале агар ин кор анҷом намешуд, бо як-ду калид задан батериҳо, ки хеле кӯҳна буданд, аз кор меуфтоданд. Аз нав пур кардани батериҳо вақти зиёд металабид. Ман, ки инҳоро медонистам, аввал ҳама танзимотро дуруст кардам ва баъд калид задам ва мотори зиреҳпӯши ман гирон шуд. Онро берун овардам ва ҳамроҳ бо ёрдамчӣ, ки ҳар ронанда як ёрдамчӣ ҳам дошт, корҳои назофат ва сервисро анҷом додем. Ротаи мо дорои ду зиреҳпӯш буд – яке таълимӣ ва дигаре – ҷангӣ. Дувумиро ҳам берун овардем ва танзиму назофат кардем. Дар паҳлуи боксҳои (гараж) мо зиреҳпӯшҳои он ду нафаре буд, ки ҳамроҳи ман аз омӯзишгоҳ омада буданд ва онҳо гирон намешуданд.
Вақте ки афсарон барои бозбинӣ омаданд, диданд, ки ҳарду зиреҳпӯши мо гирон шудаву кор мекунанд ва он ду бошад, гирон намешаванд. Колябин, ки он ду сарбозро интихоб карда ва ба ман бо истеҳзо бархӯрд карда буд, назди мо омад, даври зиреҳпӯшҳои мо гашту рафта ба сарбозонаш дӯғ зад, то зудтар зиреҳпӯшҳоро гирон карда, корҳоро анҷом бидиҳанд. Дар ин лаҳза фармондеҳи ротаи мо омад ва аввалӣ бо хитоб ба ӯ гуфт:
– Кузмин! Ин зиреҳпӯшҳои ту чӣ тавр гирон шуданд?
Кузмин гуфт:
– Намедонам.
Колябин гуфт:
– Ба он сарбозат бигӯ, биёяд ва зиреҳпӯшҳои моро ҳам бу бинад.
Ин Кузмин фикр карда буд, ки манзури ӯ он шогирд – ёвари ман аст ва ба ӯ гуфт:
– Бирав, мошинҳои онҳоро ҳам бубин.
Сарбоз рафт ва пурсид:
– Чиро бубинам?
Ба ӯ гуфтанд, ки бинад чаро онҳо гирон намешаванд.
Вай гуфт:
– Ман наметавонам.

пешина
аз 253
навбатӣ