Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

задани ҷанг, фармондеҳи дивизия, ки зери дасташ 8-10 ҳазор афсару сарбоз буд, аз тариқи ҳамин мошини мо амалиёти низомиро идора мекард, чун ин мошин таҷҳизоти заруриро дошт, зиреҳпӯш ва тасмачарх буда, метавонист аз ҷойҳои душворгузар ҳаракат кунад. Мошинҳои махсуси муҷаҳҳази дигар низ буданд, ки дар атрофи мо меистоданду бо ҳам васл мешуданд ва дар маҷмӯъ, низоми алоқаи махфии низомӣ шакл мегирифт, ки вобаста ба талаби фармондеҳ ӯро бо ҳама қисмҳои низомии зердасташ ва роҳбарони болодасташ бо алоқаи махфӣ васл мекард.
Ин зиреҳпӯшҳо аз назари ман ба унвони ронанда, хеле бадсохт буданд ва зуд-зуд вайрон мешуданд ва ду мушкили бу зург доштанд, ки яке ба танзимоти системи сӯхт марбут буд ва дигараш – ба танзимоти ҷаъбаи данда. Рӯзе набуд, ки онҳо вай рон нашаванд. Албатта, аз назари сарбозоне, ки корашон алоқа буд, ин зиреҳпӯшҳо хуб буданд, чун таҷҳизоти онҳо хуб кор мекард. Вале худи мошин зуд-зуд хароб мешуд.
Мотори он дизелӣ буд ва ҳамоҳангии миёни помпи сӯхт ва мотор доим барҳам мехӯрд. Ман ба ронандагӣ шавқ доштам ва дар як соли дар Заврон кор карданам, бо трактору мошинҳо зиёд машғул шуда будам, аз сохт ва кори техника огоҳ будам ва дар он шаш моҳи омӯзиш роҳҳои рафъ кардани мушкилоти ин зиреҳпӯшро хуб фаҳмида будам.
Рӯзе аз рӯзҳои аввали хизматамон ба мо гуфтанд, ки бояд зиреҳ пӯшҳоро барорем ва машқ кунему корҳои тоза кардан ва сервисро анҷом диҳем. Мо ба порк рафтем ва ман пеш аз гирон кардани мотори тонк, аввал ба ҳамон ҷойи заъфи сӯхт нигоҳ кардам ва дидам, ки дар танзимот ихтилоф эҷод шудааст.
Аввал помпро боз кардам ва чархаи моторро сари ҷояш овардаму такти аввали ҳардуро танзим кардам. Як помпи дастӣ ҳам дошт, ки бояд аввал тавассути он худи помпро бо сӯзишворӣ пур мекардӣ ва он гоҳ бо аввалин ҳаракати калид мотори тонк

пешина
аз 253
навбатӣ